Мантиқ

Соҳаи қиматҳои тағйирёбандаи х бошад, маҷмўи ҷисмҳост. Мафҳуми (B)-
1 1 x(S(x) P(x)) бошад, аз мафҳуми (А)дар натиҷаи хориҷ кардани яке аз нишонаҳо пайдо шудааст. Ин гуна тарзи таъмимро дар мантиқи анъанавӣ вохўрдан мумкин аст.
Дар мантиқи муосир, таъмим чунин тарзи аз як мафҳум ба мафҳуми дигар гузаштан мебошад, ки дар натиҷаи он мазмуни мафҳуми дуюм назар ба якум кам мешавад. Масалан, аз мафҳуми хА(х) мафҳуми хВ(х) бармеояд, ки мазмуни он назар ба хА(х) камтар аст.
Мазмуни мафҳуми хВ(х) назар ба мазмуни мафҳуми хА(х) камтар номида мешавад, фақат ва фақат дар ҳамин ҳолат, ки агар А(х)В(х) буда, лекин таносуби В(х)А(х) ҷой надошта бошад. Маҳдудкунӣ низ дар маънои анъанавиаш ҳамин тавр баён мешавад. Тарзҳои асосии таъмими мафҳум инҳоанд: 1) мафҳуми шаклаш хВ (х) дар натиҷаи таъмими мафҳуми шаклаш х(А(х) В(х)) ҳосил мегардад. Ин тарзи анъанавии таъмим мебошад; 2) Мафҳуми шаклаш х(А(х)VВ(х)) дар натиҷаи таъмими мафҳуми шаклаш хА(х) ҳосил мешавад, масалан мафҳуми ададе, ки ба 2 ё ба 3 тақсим мешавад, «дар натиҷаи таъмими мафҳуми» ададе, ки ба 2 тақсим мешавад, аст.
3) Мафҳуми шаклаш x∃yA(x,y) натиҷаи таъмими мафҳуми шаклаш хА(х,а) аст. Масалан, мафҳуми» шахсе, ки хоҳиши омўхтани ягон хел илмро дорад «натиҷаи таъмими мафҳуми «шахсе, ки хоҳиши омўхтани фалсафаро дорад» мебошад; 4) Мафҳуми шаклаш хА(х,а) натиҷаи таъмими мафҳуми шаклаш x∀yA(x,y) аст. Масалан, мафҳуми «шахсе, ки хоҳиши омўхтани фалсафаро дорад» натиҷаи таъмими мафҳуми «шахсе, ки хоҳиши омўхтани тамоми илмҳоро дорад» мебошад.
Эҳтимолияти тарзҳои боз ҳам мураккабтари таъмими мафҳумҳо мавҷуд бошанд, лекин ҳаминро бояд гуфт,ки таърифҳои дар боло зикр шуда барои ҳаргуна тарзҳои таъмими мафҳум дурустанд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ташаккули категорияҳо (мафҳумҳои ҳаҷман васеъ) на ҳама вақт, бо роҳи таъмими мафҳумҳои ҳаҷмашон нисбатан хурд сурат мегиранд. Масалан, категорияҳои фалсафа на ҳамеша дар асоси категорияҳои илмҳои ҷузъӣ ташаккул меёбанд. Дар бисёр мавридҳо ташаккули категорияҳои фалсафа дар асоси ошкор намудани нишонаҳои нави ашё сурат мегирад, ки онҳо дар илмҳои ҷузъӣ мушоҳида намешаванд.
Яъне мазмуни категорияҳои фалсафа на ҳамеша аз мазмуни мафҳумҳои илмҳои ҷузъӣ бармеояд.
Маҳдудкунии мафҳум – гузаштан аз мафҳуми ҳаҷман васеътар ба мафҳуми ҳаҷман хурдтар, лекин мазмунан васеътар аст. Пас маҳдудкунӣ амалест баръакси амали таъмим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё