Мантиқ

Донистани тарзҳои гуногуни таъмим ва маҳдудкунӣ барои муайян намудани муносибати байни мафҳумҳо кўмак мерасонад. Таъмим ва маҳдудкунии мафҳумҳоро бо ёрии доираҳои Эйлер чунин тасвир менамоем: Расми 7, (а) ва (б).
А А
В В
С С
а) б)
Расми 7.
§7. Таъриф ва тавсиф.
- Таъриф ва усулҳои ба он монанд.
Таъриф яке аз амалҳои асосии мантиқ буда дар илм, ҷараёни таълим ва хусусан, амалияи тафтишот ва фаъолияти суд васеъ истифода мешавад.
Баъзан таърифро дефинитсия низ мегўянд. Тавассути таъриф пеш аз ҳама маънои ифодаҳои забонӣ аниқ карда мешавад. Ғайр аз он таъриф боиси ташаккули мафҳумҳою истилоҳҳои нав мешавад. Яке аз вазифаҳои таъриф ошкор намудани мазмуни мафҳум ё моҳияти ашё аст. Истилоҳи таърифро Абўалӣ ибн Сино маҳз ба ҳамин маъно кор фармудааст. Ба ақидаи ў, тавассути таъриф «ҳақиқати зоти чиз» ошкор мешавад. Мантиқшиноси бузурги халқи тоҷик ба ҷои истиллоҳи «таъриф», истиллоҳи «ҳадд» ё «ҳудуд»- ро низ ба кор бурдааст. Чунин таъбири истиллоҳи «таъриф» ба таъбири он дар мантиқи имрўза пурра мувофиқ аст. Зеро калимаи ҳад, ё ҳудуд ба калимаи юнонии хорос (маънояш сутуни сарҳад) мувофиқ меояд.
Дар Юнони қадим барои аз якдигар ҷудо кардани қисмҳои замин байни онҳо сутунҳо мегузоштанд. Калимаи лотинии “definitio” низ аз калима “finis” гирифта шудааст, ки маънояш ҳад, ҳудуд, сарҳад, охир ё тамомшавии чизест.
Аз ин рў, ба ақидаи Ибни Сино таърифи ин ё он мафҳум маънои аниқ, намудани (ҳудуд) ҳадди истифодаи истилоҳро низ доранд. Ба ин маънӣ, Ибни Сино дар «Донишнома» моҳияти ҳадро ин тавр ҷамъбаст намудааст: «Ҳадд аз васфҳои зотии чиз бувад».
Таъриф амали мантиқиест, ки тавассути он маъно ва мазмуни амиқи ифодаи забон собит мешавад. Баробари возеҳ, шудани маънои ифодаҳои забон мазмуни мафҳум возеҳу амиқ мегардад.Ҳамин тариқ таъриф – амали мантиқиест, ки тавассути он мазмуни мафҳум ошкор мешавад ё қиммати истилоҳ муқаррар мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё