Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Хусусияти ҳар як илм он аст, ки дар он бояд истилоҳҳои амиқу возеҳ истифода шаванд. Лекин ин чунин маъно надорад, ки дар ин ё он илм истилоҳҳои на чандон муайян истифода намешаванд. Зеро дар ҳар як илм истилоҳҳое кор фармуда мешаванд, ки маънои онҳо дар илми мазкур ошкор намешаванд. Ин қабил истилоҳҳо истилоҳҳои илми дигар буда, маънои онҳо дар ҳамон илм баён мешавад. Ғайр аз ин истилоҳҳое кор фармуда мешаванд, ки маънои онҳо на бо ёрии таъриф ё ҳадд, балки тавассути амалҳо ва усулҳои ба таъриф монанд ошкор мешаванд. Масъалаҳое, ки тавассути таъриф ҳал мешаванд, инҳоанд:

  1. Дар асоси ошкор намудани маънои истилоҳ чизҳое ҷудо мешаванд, ки онҳоро истилоҳи мазкур ифода менамояд; 2) бояд нишонаҳои муҳими ашёе, ки тавассути истилоҳ ифода меёбанд, ошкор шаванд.
    Ҳангоми маърифати ғайриилмӣ, мумкин аст, ки масъалаи дуюм ҳал нашавад, лекин маърифати илмӣ бояд ба ҳалли ҳар ду масъала нигаронида шуда бошад. Дар илми мантиқ, қоидаҳои таъриф ва як зумра принсипҳои методологие собит шудаанд, ки онҳо барои ошкор намудани моҳияти ашё ё мафҳум нигаронида шуданд. Ошкор намудани маҷмўи нишонаҳои муҳими ин ё он ашё, ки мавзўи илми мушаххасро ташкил медиҳад, вазифаи ҳамин илм мебошад. Вале, баъзан ҳалли чунин масъалаҳо ниҳоят заҳматталаб аст.
    Илова бар ин, ислоҳ намудани хатогиҳо назар ба ошкор кардани онҳо душвортар аст.
    Барои мисол баъзе мушкилиҳое, ки ҳангоми ба мафҳуми «инсон»
    таъриф додан ба амал меоянд, дида мебароем. Афлотун инсонро ҳамчун «ҳайвони дупои бе пар» таъриф кардааст, ки ин таърифи илмӣ нест, зеро дар ин ҷо масъалаи дуюми таъриф ҳал нашудааст. Масъалаи дуюм ҳамин буд, ки бояд моҳияти ашёи таърифшаванда ошкор шавад. Арасту инсонро ҳамчун «ҳайвони ҷамъиятӣ» таъриф кардааст. Ба ақидаи Ибни Сино, «инсон – ҳайвони нотиқи дупояест, ки қобилияти роҳ рафтан ва хандиданро дорад».
    Гелветсий гуфтааст, ки инсон – ҳайвонест, ки дорои дастҳо буда, бо ёрии онҳо ҳаргуна олату аслиҳаро кор фармуда метавонад. Барои Франклин, «инсон- ҳайвонест, ки қобилияти истеҳсол намудани олати меҳнатро дорад».
    К. Маркс дар «Тезисҳо доир ба Фейербах» навиштааст: «Моҳияти инсон мафҳуми ба фарди алоҳида хосе нест. Вай дар ҳақиқати ҳол маҷмўи ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятист». Ба ақидаи Маркс, моҳияти инсонро на ин, ки дар фард, балки дар ҷамъият бояд дид.
пешина
аз 262
навбатӣ