Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Саволе ба миён меояд: агар дар оянда дигар мавҷудоти дорои ақлу хирад ошкор шавад, пас ба мафҳуми инсон чӣ гунна бояд таъриф дод? Ба ин савол ҷавоб додан ҳоло мушкил аст. Дар бисёр мавридҳо таърифҳои илмӣ дар натиҷаи ҷараёни мураккаби маърифат пайдо мешаванд. Лекин барои пурра ошкор намудани мазмуни мафҳумҳо таърифҳои илмӣ на ҳамеша кифояанд, зеро онҳоро на ҳама вақт истифода бурдан мумкин аст. Чунин ҳолатҳоро Ф. Энгельс ва В.И. Ленин борҳо таъкид карда буданд.
Таъриф дар бораи чизҳо (дар доираи ин ё он илм) маълумоти пурраю ҳаматарафа надиҳад ҳам, на ҷараёни маърифат ва на фаъолияти амалию назарии инсон бе истифодаи он сурат намегирад. Дар бисёр мавридҳо қабл аз истифодаи таъриф амалҳо ва усулҳое кор фармуда мешаванд, ки ба таъриф монанданд. Баъзеи онҳоро дида мебароем; таърифи остенсивӣ, шарҳ бо мисолҳо, тасвир, тавсиф, муқоиса.
Таърифи остенсивӣ – аз калимаи лотинӣ “ostensio”- нишон додан аст – таъбири калима ё гурўҳи калимаҳоест, ки таввассути бевосита нишон додани ашё, амалиёт ё вазъияте, ки бо калимаҳо ё гурўҳи калимаҳои мазкур ифода мешаванд, сурат мегирад. Одатан таърифи остенсивӣ ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ ва мавридҳои дигар истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, соҳаи истифодаи таърифи мазкур маҳдуд аст. Масалан, ин таърифро барои таъбири маъно ва қимати калимаҳои «себ», «нок», «гелос» ва ғайра татбиқ намудан мумкин аст. Лекин таърифи остенсивиро нисбат ба мафҳумҳои «абстрактӣ», «мушаххас» истифода бурдан имконнопазир мебошад. Таърифҳои остенсивиро дар маънои аслиаш таъриф ҳам номидан мумкин нест, зеро тавассути онҳо маънои ифодаҳои забон ошкор намешавад.
Усули дигари ба таъриф монанд тасвир аст. Усули мазкур, махсусан, дар зинаи эмпирикии (тасвирии) маърифат кор фармуда мешавад. Дар чунин зинаи маърифат зарурати ошкор намудани хосияти ашё ба миён меояд.
Хосияти мазкур метавонанд барои чиз муҳим ва ғайримуҳим, фарқкунанда ва фарқнакунанда бошанд. Ҳангоми тасвир тафовути байни хосияти ашё ба назар гирифта намешавад, зеро мақсад он аст, ки ҳар чӣ бештар хосият ошкор шаванд.
Таввасути тасвир ифодаҳои забон таъбир шаванд ҳам, лекин бо ёрии он на ҳамеша мазмун ё ҳаҷми мафҳумҳоро муайян кардан мумкин аст. Яъне аниқтар гўем, ҷудо намудани гурўҳи ашё, ки тавассути ин ё он истилоҳ ифода меёбад, ё ин ки ошкор намудани нишонаи ашё фақат бо роҳи тасвир на ҳама вақт мумкин аст.
Ибни Сино тасвирро – расм номидааст. Расм дар осори ў, хеле муфассал баррасӣ шудааст. Ба ақидаи Ибни Сино мақсад аз расм шинохтани ашёест ва тамоми нишонаҳои муҳиму ғайримуҳим ва тасодуфии ашё бояд номбар шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ