Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аз ин рў, ҳангоми тасвир моҳияти аслии ашё метавонад ошкор нагардад. Хусусияти асосии тасвир он аст, ки тавассути он ашё аз якдигар фарқ, кунонида мешаванд. Масалан; «Мардум ҳайвонест, хандон, гирён, паҳнохун» ё «чаҳор шуморе аст, ки аз зарби вай андар хештан шонздаҳ ояд»
Тасвир асоси исбот ва назарияи илмӣ шуда наметавонад, вай фақат барои ашё шинос кардан лозим аст. Тасвир дар аксар соҳаҳои илм, махсусан илми ҳуқуқ, ҳангоми фаъолияти амалии муфаттишон васеъ истифода мешавад.
Усули дигаре, ки ба таъриф назар ба тасвир наздиктар аст тавсиф мебошад. Дар тавсиф назар ба тасвир нишонаҳои намоёнтар ва фарқкунандаи чиз оварда мешаванд. Ба ғайр аз ин, ҳангоми тавсиф кўшидан лозим аст, ки тамоми ҷиҳати ашё номбар шаванд. Аксаран дар маърўзаҳо ҳангоми мурофиа судӣ тавсиф истифода мешавад.
Ифодаҳои забон тавассути усуле, ки онро муқоиса меноманд, таъбир кардан низ мумкин аст. Масалан, ғазаб девонагии кўтоҳмуддат аст. Усули муқоиса барои собит намудани монандӣ ва тафовути ашё истифода мешавад. Барои ин бояд чизҳои муқоисашаванда дар ягон нисбат бо ҳам монанд бошанд.
Чунинанд усулҳое, ки бо таъриф монанданд. Лекин, усулҳои мазкур ҳеҷ гоҳ таърифро иваз карда наметавонанд.
Дар маърифати илмӣ, навъҳои гуногуни таъриф истифода мешаванд.
Мо дар ин ҷо як зумра таъриферо дида мебароем, ки махсусан дар илмҳои гуманитарӣ маъмуланд. Пеш аз ҳама таърифҳо номиналӣ (исмӣ) ва реалӣ (воқеӣ) мешаванд.
а) Таърифи номиналӣ(исми). Вақте, ки мутахассисон ва олимон доир ба истифодаи ин ё он ифодаи забон ба ягон қарор меоянд, онҳо бешубҳа ба таърифи номиналӣ муроҷиат менамоянд. Номи «таърифи номиналӣ» аз калимаи лотинии «nomen» (ном) ё худ “nominalis” гирифта шудааст, ки маънояш «дар бобати ном», «дар хусуси ном» ё « мансуб ба ном» аст.
Мантиқшиноси англис Ҷ. С Милл дар байни таърифи ном ва таърифи ашё фарқ гузошта буд. Таърифи номиналӣ муайян кардани ном аст. Аз ин рў, таърифи мазкур, ба саволи «калима ё ифодаҳои забон чиро ифода мекунанд?» ҷавоб медиҳад.
Масалан: а) анемометр – асбобест, ки қувваи шамолро чен мекунад; б) мураббаъ, росткунҷаест, ки тарафҳои он ба ҳам баробаранд; в) космогония – соҳаи илмест, ки пайдоиш ва инкишофи ҷисмҳои кайҳонӣ ва системаи онҳоро меомўзад; г) демократия – ҳокимияти халқ мебошад; д) криминология илмест, ки сабабҳои содиршавии ҷиноятро меомўзад. Дар таърифи номиналӣ бештар номи ин ё он истилоҳ ошкор мешавад.

пешина
аз 262
навбатӣ