Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо баъди варақ задани он маълум шуд, ки ин нашр аз нашри гузашта асосан тафовуте надорад.
Зимнан, тағйиру иловаҳо ба имло бо қарори ҳукумат сурат мегирад, вале ғалатҳои техникӣ бо савобдиди муҳаррирон ва ё нашриёт ислоҳ мешаванд. Дар саҳифаи дуюм гуфта мешавад, ки "китобчаи мазкур бо тасҳеҳу иловаҳои нав ба нашр мерасад". Вале ин тасҳеҳу иловаҳоро кӣ дохил кардааст, гуфта нашудааст. Зимнан ин иловадохилкуниҳо ба салоҳияти як шахс вобаста нест.
Чуноне ки қайд шуд ин нашр аз нашри гузашта асосан тафовуте надорад, гарчӣ муҳаррир таъкидан мегўяд, ки дар нашри гузашта саҳву хатоҳо зиёд буданд. Масалан: Дар фасли имлои исм сифатҳои сиёҳ- сиёҳ ҳоло ҳам боқӣ мондааанд (саҳ. 15).
Манзури мо дар ин ҷо оид ба хатоҳои техникӣ баҳс кардан нест.
Ҳадафи мо баъзе нуқсу носаҳеҳиҳо дар имло мебошад, ки хонандаву нависандаи имрўзаро ба иштибоҳ андохтааст. Чунончи, дар ҳеҷ ҷо гуфта нашудааст, ки калимаи Қорӣ-Ишкамба ё Қорӣ-Исмат чӣ гуна навишта шаванд, яъне бо дефис ё бе дефис. Зеро ин исм аз исмҳои дар фасли имлои исм, банди 19 зербандҳои а), б), в) овардашуда фарқ дорад. Масалан, дар банди в) Акбари Мерган дар шакли ибора ва ҷудо навишта мешавад. Лекин, агар онро дар шакли беизофа -- Акбар- Мерган гўем, бояд чӣ гуна навишта шавад, дар имло зикре нест. Ҳол он ки ин қабил исм-лақабҳо аз исмҳои Аҳмадмахдум, Салимпаҳлавон фарқ доранд.
Дар фасли имлои исм банди 21, ки ба имлои исмҳои хос бахшида шудааст, дар зербанди г) дар қатори номи мақомоти давлатӣ ва мансабҳои миллӣ ду номи дигарро илова кунем, хуб мешавад, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Раиси Маҷлиси Намояндагон.
Бамаврид мебуд агар дар ин фасл дақиқтар муайян мекарданд, ки номи мансабҳои раисони шаҳру ноҳияву вилоятҳо бо ҳарфи хурд навишта мешаванд ё калон.
Инчунин номи факултету кафедраҳо бо ҳарфи хурд бе нохунак навишта мешаванд, ки ғолибан онро касе риоя намекунад. Қоидаи имло бояд ба ин бенизомиҳо хотима гузорад.
Инчунин аз ҳамин зербанди г) Парчам ва Нишони миллиро ба зербанди алоҳида кўчонида, матни онро "муқаддасоти миллӣ бо ҳарфи калон навишта мешаванд" гуфта , Суруди Миллиро низ илова кунем, қоида комил мешавад.
Дар мавриди истифодаи нимтире (дефис) низ носаҳеҳӣ дида мешавад. Мувофиқи имлои нав исмҳои Мовароуннаҳр, Равзатуссафо, Лубобулалбоб, ки аз ду ҷузъ бо артикли малфузу ғайрималфуз (вобаста ба ҳарфҳои шамсию қамарӣ) якҷоя навишта мешаванд.

пешина
аз 161
навбатӣ