Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
илтиҷо мегуфт ӯ. — Доненбой падарат буд, наход надонӣ? Исми худат Манқурт не, Жоламан 1 аст. Мо барои он туро ин хел ном додем, ки ҳангоми кӯчи бузурги найманҳо ба дунё омадай. Дар ҷои таваллуд шудани ту мо се рӯз хайма задем. Се рӯз тӯю сур оростем.
Ҳарчанд ки ҳамаи ин гапҳо ба манқуртписар заррае таъсир набахшиданд, модар суханашро идома медод, дар дилаш ҳамчунон умеди ботиле мепарварид, ки шояд дар шуури тирагаштааш шарорае пайдо шавад. Аммо ӯ мушт ба сандон мезад. Ва бо вуҷуди ин бо исрор мегуфт:
— Номатро ба хотир биовар! Падари ту Доненбой!
Сипас ӯ аз тӯшаи худ писарро ғизое хӯрониду об нӯшонид ва ба лолой гуфтан оғоз кард.
Суруди модар ӯро писанд омад. Шунидани лолой барояш гуворо буд ва дар рухсори карахт ва шахшӯлу сиёҳаш як нишонаи ҷунбиш, як навъ аломати нармӣ ҳувайдо шуд. Ва онгоҳ модар ба розӣ карданаш бипардохт, ки ин ҷоро ва жуань-жуанҳоро тарк намояд ва ҳамроҳи ӯ ба диёри худаш баргардад. Манқурт ба худ тасаввур карда наметавонист, ки чӣ тавр баногоҳ мехестаасту ба куҷое равона мешудааст? Пас, аҳволи гала чӣ мешавад? Не, хоҷа фармудааст, ки аз гала як қадам дур наравад. Ҳа, хоҷа ҳамин тавр амр додааст. Ва ӯ аз гала як қадам дур нахоҳад рафт...
Найман-Она гаштаву баргашта кӯшид, ки дар хотири маҳвгаштаи писар раҳнае пайдо кунад ва такрор ба такрор мегуфт:
— Ба ёдат биовар, ки ту кистӣ? Номат чист? Падари ту — Доненбой!
Модар пай набурд, ки бо кӯшишҳои беҳудаи ӯ чӣ
қадар вақт сипарӣ гардид. Фақат Саме ки дар як канори гала жуань-жуани уштурсаворе пайдо шуд, модар
ҳушёр гардид. Ин дафъа ҳариф наздик омада буд ва
уштурашро торафт бештар шитоб кунонида, тунд меомад. Найман-Она фурсатро аз даст надода, зуд ба Оқмоя савор шуд ва роҳи гурезро пеш гирифт, лекин аз
канори дигар боз як жуань-жуани уштурсавор роҳро миёнбур карда медавид. Найман-Она Оқмояро маҳмез зада, ба роҳи мобайни ду ҳариф андохт. Оқмояи бодпо бо
шаст аз рӯ ба рӯи онон убур карда, пеш гузашт ва жу-
1 Ж о л а м а н — исми мураккаб аз ду калимаи қазоқӣ «жол» — роҳ, «аман» — осоиш (шарҳи муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё