Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ
3.1. МОҲИЯТ ВА МАФҲУМИ СТРАТЕГИЯ
Ба Арасту гуфтори ба андешаронӣ водоркунандаро нисбат медиҳанд, ки чунин аст: «Ошкори равишан на барои ҳама аст». Аз рӯи шабоҳат метавон гуфт, ки мафҳум ва истилоҳоти зиёде мавҷуданд, ки аз рӯи дарки истифодабариашон ба шарҳу эзоҳ ниёз надоранд, аммо ҳар яки онҳо аз рӯи фаҳмише баҳо дода мешавад, ки он ин фаҳмишро дорост. Ва тасаввуроти он ки шахси дигар ҳам ҳамин хел фикр менамояд, хатост. Аз гурӯҳи менеҷерон агар ба саволи «стратегия чист?» пурсон шавем, тақрибан вобаста ба шумораи онҳо ҳар яке фикрҳои худро изҳор медоранд.
Мафҳуми стратегия
Истилоҳи «стратегия» дар сарчашмаҳои адабиёт ҳар гуна маънидод карда шудааст. Қисме ақида доранд, ки стратегия бояд дар нақшаҳои умумӣ аз ҷониби роҳбарият бо мақсади пешбурди фаъолияти ояндаи корхона муаррифӣ гардад. Дигарон фикр мекунанд, ки стратегия асоси амалҳои мушаххасест, ки барои натиҷагирӣ истифода мешавад. Барои ашхоси дигар стратегия ба таҷрибаи кории беҳтарин баробар аст. Қисми дигар стратегияро ҳамчун сохтори амалиёти зина ба зина дар марҳилаи вақти муайян арзёбӣ менамоянд.
Як қатор мафҳумҳои муосири муайян намудани стратегия, ки аз ҷониби муаллифони Ғарб пешниҳод гардидаанд, дар ҷадвали 3.1 оварда шудаанд:
Ҷадвали 3.1. Муайян намудани стратегия аз ҷониби муаллифони Ғарб.
№ | Муаллиф | Муайян намудани стратегия
--- | --- | --- 1 | А. Чандлер | Стратегия ҳамчун тарзи муайянкунандаи мақсадҳои дарозмуддати ташкилот, барномаҳои фаъолияти он ва самтҳои афзалиятноки тақсимоти захираҳо мебо- шад.
2 | М. Фалмер | Стратегия ин «тамоюли ҳаҷман калони нақшаҳо ё фаъолиятест, ки самти ҳадди ниҳоиро муқаррар намуда, тақсимоти захираҳоро идора мекунад. Ин амалест, ки дар худ фарзияи беҳтарин нисбати он, ки барои рушди мақсадноки минбаъда чӣ бояд кардро таҷАССУМ менамояд».
3 | Мактаби Гар- вардск | Стратегия ҳамчун усули муайянкунандаи мақсадҳои рақобати ташкилот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё