Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ
4 М. Портер Стратегия ҳамчун таАССУР ба имкониятҳои беруна ва таҳдидҳо, ҷонибҳои қавӣ ва сусти дохилӣ; баррасии созишҳо дар рақобат
5 И. Ансофф, Д. Стейнер, П. Лоранҷ Стратегия ҳамчун тарзи муайян намудани мақсадҳо барои сатҳҳои корпоративӣ, корӣ ва функционалӣ
6 И. Ансофф Стратегия ин аксуламали пешакӣ ба нақшагирифтаи ташкилот ба тамоюлҳои умумии муҳити беруна, самти ҳаракате, ки барои ба даст овардани натиҷаҳо интихоб шудаанд. (вазъи оянда)
7 М.Х. Мескон, М. Альберт ва Ф. Хедоури Стратегия ҳамчун нақшаи батафсил ва ҳамаҷонибаест, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои ташкилот ва ноил гаржидан ба мақсадҳои дурнамои он муқаррар гардидааст.
8 Ҷ. Макмиллан Стратегия маънои фикри мулоҳизакардашудаи системаи мантиқии қабули қоида ва қарорҳоро, ки барои аз А ба В ва ҳатто ба С гузаштанро имконият медиҳад, надорад.
9 Ҷ. Б. Квинн Стратегия ҳамчун тавзеҳот ё нақшаи пешбарандаи мақсадҳои асосии ташкилот, сиёсати он ва дар шакли умум фаъолияти мувофиқашуда аст.
10 Г. Ҳэмел ва К.К. Прахалад Мафҳуми стратегия аз ташкили бартариҳои рақобат иборат аст, ки фавран барои фардо, нисбат ба рақибоне, он чиро ки имрӯз Шумо доред тақлид мекунанд
11 А. Томпсон Стратегия ҳамчун интихоби маҷмӯи амалҳо ва муносибатҳо нисбати натиҷагириҳои фаъолият аст.
Мутахассиси маъруфи канадагӣ дар соҳаи идоракунии стратегӣ Г. Минсберг панҷ ҷиҳати мафҳуми «стратегия»-ро аз рӯи системаи «5-П» (5-Р) муайян намудааст:
- Plan - Стратегия ҳамчун нақша. Ин метавонад нақшаи дарозмуддат бошад, ки ҳамасола барои солҳои минбаъда самтро муайян мекунад ё тасҳеҳи он бо дарназардошти омил ва тамоюлҳои нав гузаронида мешавад;
- Position - Стратегия ҳамчун мавқеъ. (муайян намудани ҳолати ташкилот нисбати рақибони он);

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё