Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷонам фидои номат,
Ки доимо омӯхтӣ.

Ҳар дам гӯям ба номат-
Ҳамду сано омӯхтӣ.
Аз ҳама пандҳои
Қиматбаҳо омӯхтӣ.

ҚАР-ҚАР МЕКУНАД

Дар миёни деҳи мо як зоғ қар-қар мекунад,
Гоҳ қар-қар аз дарахти як лаби ҷар мекунад.
Гоҳ-гоҳе менишинад дар замин аз баҳри дон,
Гаҳ бубинӣ, ҳофизӣ аз шохи ар-ар мекунад.
Сурати он зоғ як ҳофиз намоён гаштааст,
Байни маҳфил худ ба худ ӯ нағмааш сар мекунад.
Ҳофизиаш ҳеҷ як одам намесозад писанд,
Гӯши моро қар-қари афзуни ӯ кар мекунад.
Аз ягон пеши гуле овози булбул бишнавад,
Мезанад лофе, ба ӯ худро баробар мекунад.
Мешиносад ҳофизони хубро Қурбоналӣ,
Ҳанги бетаъсирро ҳар ҷой ҳар хар мекунад.

МЕБИНАМ

Нури хуршеди ҷаҳонро ба саҳар мебинам,
Боз нури дигаре шаб зи қамар мебинам.
Каси доранда дари хайру саховат баста,
Шуда ӯ банда ба молу симу зар мебинам.
Ҳама кӯшишу ҳавасмандии ӯ бисёртар
Ба ҷиҳозонидани хонаву дар мебинам.
Боз дар деҳаи мо расм бувад бераҳмӣ,
Ки буриданд ҳама нахлу шаҷар мебинам.
Одамони хубро ман ками кам мебинам,
Бештар макру дурӯғу ҳилагар мебинам.
Суханонам дӯстон, ҳеҷ ҳавоӣ набуванд,
Ман ки Қурбоналиам, ба чашми сар мебинам.

пешина
аз 119
навбатӣ