Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ГУФТОРИ ВАТАН

Бигӯяд Ватан, ки ба ту модарам,
Намоён туро ман ба чашми сарам.
Ҷавоне будиву калон гаштаӣ,
Калон бо ғизову ба нон гаштаӣ.
Намакро, ки конаш ба пушти ман аст,
Зи ман ризқу рӯзӣ биёрӣ ба даст.
Туро сайру гаштат макони ман аст,
Ҳама меҳри ҷонат ба ҷони ман аст.
Ҳама ишқу корат ба кори ман аст,
Тамоми баҳорат баҳори ман аст.
Ба ҳар ҷо агар ту равон мешавӣ,
Чу марди ғариб андар он мешавӣ.
Мудом дар сари ту хумори ман аст,
Ба ёдат ҳама дам дидори ман аст.
Агар шоҳ бошӣ ба шаҳри Яман,
Ва ё мурғи доно ба кӯҳу даман.
Ба чанголи маргат яке ногаҳон
Равад аз вуҷуди далери ту ҷон.
Раҳе рафтагӣ буд ки бобо калон,
Равӣ бо ҳамон раҳ ту ҳам ҷовидон.
Ҳама ҷинси дунё, ки ёри ман аст,
Ҳама ҷовидон дар канори ман аст.
Бихону суханҳо зи модар бидон,
Маро ту ба ҷонат баробар бидон.

ХОЛӢ НАШУД АЗ ЛОЮ ЧАЛ

Дидаам дар маҳфиле шӯру мағал,
Садри маҷлис гуфт гапҳои дағал.
Ҳар супорише, ки он сардор дод,
Гуфтаҳояш монд аммо беамал.
Ҳар ки доро буд монд ӯ беҷазо,
Аз вазифа сарнагун шуд камбағал.
Одаме, ки дошт хуб илму савод,
Монд ӯ аз хӯрдани қанду асал.

пешина
аз 119
навбатӣ