Фурӯғи пирӣ

Гирди он ноҳияро ман дидаам,
Тоз дорад ҷои шерон кӯру кал.
Солҳову моҳҳо рафту вале
Кӯчаҳо холӣ нашуд аз лою чал.
соли 2006, моҳи май
Ё КИ НЕ
Гар ба балое бароям, мефароям ё ки не,
Гар фароям, боз боло мебароям ё ки не.
Қисмати ҳар кӣ малак дар батни модар мекашад,
Ман надонам бандаи неки Худоям ё ки не.
Гар сафар созам куҷое бо ризогии Худо,
Ман надонам аз сафар баргашта оям ё ки не.
Банди корам гар гиреҳ афтад, надонам, э Худо,
Он гиреҳи банди корам мекушоям ё ки не.
Гаҳ дуои хайрро бидҳам ба баъзе одамӣ,
Ман чи донам мустаҷо гардад дуоям ё ки не.
Дардҳое дар ду поям гашт пайдо, ё карим,
Ман надонам соқ гардад ҳарду поям ё ки не.
Бой дар назди Худо шахсест тоат мекунад,
Фоли худро ман надонам, ки гадоям ё ки не.
Кош мекардӣ қаламкаш фош тақдири маро,
То бидонам уммате аз мустафоям ё ки не.
Аз паси ҳар бандае чандин балоҳо будааст,
Ман намедонам, ки эмин аз балоям ё ки не.
Аз азоби рӯзи маҳшар ғофил ин Қурбоналӣ
Дар қиёмат гуфт: эмин аз ҷазоям ё ки не?!
РӮЗИ ҶАШНИ РӮДАКӢ
Нӯли килки худ равон болои дафтар мекунам,
Ман сурудеро ба номи Рӯдакӣ сар мекунам.
Ҳар суруди пур зи ҳар панду насиҳатҳои ӯ
Қиматаш боло зи кони дурру гавҳар мекунам.
Дар миёни ҷумла шоирҳои ин рӯи ҷаҳон
Нури илмаш дар ҳисоби моҳу ахтар мекунам.
Бохабар ӯро зи ҷумла сирру асрори ҷаҳон
Шоири болотарини ҷумла кишвар мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё