Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй, басо гӯяд яке пайғамбари назм аст ӯ,
Ман худам бе гуфтаи ҳар қавм бовар мекунам.
Ҳар суруди пур зи обу ранги ӯ хонам даме,
Мазза аз шеъраш баланд аз қанду шаккар мекунам.
Судбахшо пандҳояш бар ҳама аҳли башар
Дар ҳисоби офтоби шӯълаовар мекунам.
Бо мисоли Рӯдакӣ Қурбоналӣ гуфто, ки ман
Зикри халлоқи ҷаҳону ёди маҳшар мекунам.

РӮДАКӢ

Ҳеҷ донӣ, ки зи даври кӯдакӣ
Кофт роҳи илму дониш Рӯдакӣ?!
Хонда-хонда беҳтарин шоир бишуд,
Ёфт ӯ сарчашмаи савту суруд.

Дар ҷавонӣ ҳофизу Қуръон шудӣ,
Бохабар аз қудрати султон шудӣ.
Вай ба султони ду олам шеър гуфт,
Ҳам ба пайдоиши одам шеър гуфт.

Фикри ӯ парвоз карда то фалак,
Кардааст эҷод дар васфи малак.
Боз дар мавзӯи ҳар ҷинси ҷаҳон
Шеър гуфт он шоири ҳозирбаён.

Рӯ зи ҳар шахси мунофиқ тофт ӯ,
Роҳҳои панду ҳикмат ёфт ӯ.
Кардааст андешаҳои пешу пас,
Зиндагиро хуб донистӣ зи бас.

Мондааст аз шоири овазадор
Инчунин пандаш ба моён ёдгор:
«Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.»

Сад касон доранд хонда илму фан,
Кист гӯ чун Рӯдакӣ ёбад сухан?!

пешина
аз 119
навбатӣ