Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фикри ӯ парвозгар чун тир шуд,
Назми ӯ хуршеди оламгир шуд.

Рӯдакӣ марди худододе будаст,
Шоиронро хуб устоде будаст.
Дар бари авлотарини шоирон
Номи некаш ҳаст зинда ҷовидон.

БАҲОР БИҲИШТ ОФАРИД

Маро садқа ҷонам ба нури баҳор,
Нигар, пуштаҳо шуд ҳама сабзазор.
Нигар бар вуҷуду ба шохи чинор,
Ба вай ҷон бидоду фузудаш мадор.
Аҷаб фасли хубу сафооваре,
Ҳавояш ба бемор шафқатгаре.
Ба ханда кашад сар ту ҳар гул, бубин,
Ба бӯяш ту чаҳча зи булбул бубин.
Ҷаҳоне ки қисматнавишт офарид,
Баҳораш нишон аз биҳишт офарид.
Фидо ҷон ба ин сарнавишташ кунем,
Биёеду сайри биҳишташ кунем.

БА БАҲОР

Майл дорад дар баҳорон сӯи гул,
Ҳар ки бинад хандаҳову рӯи гул.
Субгоҳон чаҳча булбул мекунад,
Бар димоғаш, ки биёяд бӯи гул.

Бӯи хуш ояд гаҳ аз гулзорҳо,
Гоҳ ояд аз гулу гулхорҳо.
Шоире гар ошиқи гул мешавад,
Шеър мегӯяд сари мавзӯи гул.

Сар кашад сад ранг гул андар баҳор,
Баъзеаш афти арӯси ноздор.
Чун бидидам рӯи садбарги сафед,
Маст кардам чеҳраи дилҷӯи гул.

пешина
аз 119
навбатӣ