Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЯЪҚУБ АСТ

Он ки огоҳ зи ҳар мактуб аст,
Ба ҳама пиру ҷавон маҳбуб аст,
Шоири халқии хуби хуб аст,
Ту бидон, Ҳикматулло Яъқуб аст.

Он ки ғамхоре ба ҳар мискин аст,
Дар бари ғамзадае ғамгин аст.
Шуда равшан сурати парвин аст,
Ту бидон, Ҳикматулло Яъқуб аст.

Он ки огоҳ зи панди сухан аст,
Зи ҳама нутқи баланди сухан аст.
Балки бегона ба фанди сухан аст,
Ту бидон, Ҳикматулло Яъқуб аст.

Он ки донандаи олӣ сухан аст,
Ҳама дам шукургузори Ватан аст.
Соҳиби сабки хуши хештан аст,
Ту бидон, Ҳикматулло Яъқуб аст.

Он ки Қурбоналияш медонад,
Панду андарзи зиёде хонад,
Ҳамраҳи халқ қадам мемонад,
Ту бидон, Ҳикматулло Яъқуб аст.

ТАВАЛЛО

Ҷонам фидои номат
Халлоқи бандапарвар,
Донам, ки дар ду олам
Ҳастӣ ягона раҳбар.

Бе амри ту натонам
Ҷое қадам бимонам,
Ё ки равона созам
Килкам ба рӯи дафтар.
Дойира бесадо нест,
Ҳар банда бегуноҳ нест.
Дар байни бандагонат
Дорам гуноҳи бебар.

Қурбоналӣ бишуд пир,
Умраш расид ба охир.
Насозиаш, Худоё,
Шарманда рӯзи маҳшар.

ҲАРОМ АСТ

Касе гардида ёри хамру ҷом аст,
Ба маҳфил майзада беинтизом аст.
Хаёлаш банд дар ҳар банди хом аст,
Дили ӯ тира бар монанди шом аст.

Муҳаббат баст ки бо майпарастӣ,
Кунад ки байни мардум гандамастӣ,
Зи боло мебарад мастӣ ба пастӣ,
Яке шарманда байни хосу ом аст.

Бидидам майпарестеро равона,
Накарда ёди камбудии хона,
Чу як девонае хонда тарона,
Надонад рост раҳеро кадом аст.

Нахонад гар касе панди адибон,
Нахонда бошад ӯ аз панди Қуръон,
Қарибе ҳаст ӯ монанди ҳайвон,
Равон ҳар сӯ чу аспи белаҷом аст.

Касе, ки майзада шуд, эй бародар,
Шумур ӯро ба девона баробар.
Надорад ақл ӯ як зарра бар сар,
Ба ӯ ҳамсӯҳбатии ту ҳаром аст.

пешина
аз 119
навбатӣ