Фурӯғи пирӣ

ТАПАКДУЗД
Ту ки шахси дароз астӣ,
Бахилу ҳиласоз астӣ,
Касофат, бенамоз астӣ,
Чу як тири ҷувоз астӣ.
Тапак аз оғуле кандам
Ба ҳамроҳии фарзандам,
Мане марди ҳунармандам,
Ба дуздии ту механдам.
Чӣ дуздӣ ту, тапакдуздӣ,
Чу як дузди хапакдуздӣ.
Тапакҳои маро бурдӣ
Худат мекандӣ мемурдӣ?
ДУБАЙТИҲО
Ҷавонмардо, машав димоғборик,
Ба ёдат ор ҳар дам гӯри торик.
Зи мардумаки дида то ба мулкаш
Бидон ки марг бо мо ҳаст наздик.
Бидидам, нокасе марди ғанӣ шуд,
Чу филе худ шумурду манманӣ шуд.
Заифу нотавоне чун пари коҳ
Ба чанги марг рӯзе мурданӣ шуд.
Ба даврони ҷавонӣ паҳлавонӣ,
Ба пирӣ нотавоневу хазонӣ.
Ҷавониро гаҳе дар ёд орӣ,
Бигӯӣ ваҳ ҷавонӣ, ваҳ ҷавонӣ.
Каси нодор ҳар ҷо мешавад хор,
Шавад муздури як бойи ҷафокор.
Ба мискин нест ҳар бойе мададгор,
Шавад пайғамбар аз ӯ бой беозор.
Шаҳаншоҳон зи олам беш рафтанд,
Аҷал зад чанг, аз мо пеш рафтанд.
Чу Қорун бойҳои тангчашме
Бимонда молу чун дарвеш рафтанд.
Ҳамон бойе намедоду намехӯрд,
Замоне пир гашту ногаҳон мурд.
Ҳама молаш ба коми дигарон шуд,
Зи олам ӯ кафан танҳо ба худ бурд.
Ба ном донистам, ки ту вазирӣ,
Ба рафтор афти шахси порагирӣ.
Натонӣ кушта гар нафси бади хеш,
Вазир не, дар ҳисоби гурги пирӣ.
Ҳадисе хуб пайғамбар бигуфтаст,
Суханҳо қимат аз гавҳар бигуфтаст.
Набошад уммати ман бандае, ки
Ба дил сад кина дорад гар, бигуфтаст.
Агар ки шоҳ бошӣ ё гадоӣ,
Макун аз дӯстон ҳаргиз ҷудоӣ.
Намон сар беш андар хоби ғафлат,
Намонӣ аз намози ҳар пагоҳӣ.
ДАР БЕМОРХОНА
ИН ДУБАЙТИҲОРО НАВИШТААМ
Чизе, ки ризқи ман буд, хӯрда бошам,
Касеро дар ҷаҳон н-озурда бошам.
Шудам пиру ба ҳар дарде гирифтор,
Ба ҳамин дардҳо мемурда бошам?!
Ҷавонӣ буд фасли набаҳорам,
Баҳори софи бебаргу ғуборам.
Кашида ранҷ кардам корҳое,
Ба ҳар мискин расад маҳсули корам.
Қаламкаш гашта бошам ман зи бахтам,
Ба дида дида садҳо рӯзи сахтам.
Ба боғам парваридам ҳар ниҳоле,
Надидам суд аз бори дарахтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё