Фурӯғи пирӣ

Биёеду қадамҳо рост монем,
Зи ҳар андарзу илму панд хонем.
Бихонему зи дониш бой гардем,
Зи дониш рози дунёро бидонем.
Аҷал бурдак туро эй гул зи боғам,
На танҳо гул, ту будӣ шабчароғам.
Ба роҳе рафтӣ, эй ёри азизам,
Ки ҷовидон намеоӣ суроғам.
Ҷаҳони пур зи макру пур зи найранг,
Аҷал ногаҳ ба ҷоне мезанад чанг.
Аз ин рӯи ҷаҳоне бар надорад,
Барад моро ба гӯри тираву танг.
Дили шоир, ки сӯзи кам надорад,
Диле кам аз дили Ҳотам надорад.
Дарахте, ки агар бебор бошад,
Ҳама донед, к-он сар хам надорам.
Зи хобам беҳ бувад бедории ман,
Биё, эй дӯст, баҳри ёрии ман.
Агар ту дӯст бошӣ, аз дилу ҷон
Бигирӣ дасти ман дар хории ман.
Ба дил дорам суханҳову тарабҳо,
Саҳар дорад ҳама поении шабҳо.
Бигардам кошки як чашмаи соф,
Бинӯшандам ҳамеша ташналабҳо.
Манн имрӯз Лар табобатхона хобам,
Зи рӯи дардҳо ҷон дар азобам.
Надонам, ки ба подарду миёндард
Шифо ёбам, Худо, ё ки наёбам?!
Худо, бишнав худат ҳар зораи манн,
Ҳаким бинад ба дардам чораи манн.
Шифобахшо худат ҳастӣ, Худоё,
Ба кули дардҳо дар бораи манн.
Фалак, то зиндаам, нолонам аз ту,
Алам дида ба сад афғонам аз ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё