Фурӯғи пирӣ

Яқин донам, ки аз чанги ту охир
Замоне мерасад беҷонам аз ту.
Фалак, манн шиквае дорам аз ту,
Аламҳо дидагӣ бисёрам аз ту.
Зи пеши дидаҳоям дур рафта
Ҳама хешу табору ёрам аз ту.
Фалак, аз ҷабри ту дил пур зи хун шуд,
Зи ҳар найранги ту рангам забун шуд.
Зи ҷабри ту бидидам пуштаву кӯҳ
Зи ҷояш чаппа гашта, сарнагун шуд.
Зи рӯи баъзе ғул-ғул нола кардам,
Ба бехи буттаи гул нола кардам.
Гуле, ки рафт аз пешам зи олам,
Барояш ҳамчу булбул нола кардам.
Ба дврони ҷавонӣ пурсафоем,
Бузургон рафтаву мо аз қафоем.
Гадо ҳастем ё ки марди бойем,
Ба чанги марг охир чун гадоем.
Ҳар одам хонаҳо месозад охир,
Ба шодиҳо қадамҳо дозад охир.
Намедонем рӯзи мурдани худ,
Аҷал бар қасди мо иетозад охир.
Ҷаҳон дигар шуду мо ҳам дигаргун,
Ба ҳусни ин ҷаҳон гаштем Маҷнун.
Шаҳаншоҳи ҷаҳон ки бошӣ, охир
Туро макри ҷаҳон созад ҷигархун.
Ҷавонмардо, намо андешаи дур,
Нашав мағруру ҳаргиз худ магӯ зӯр.
Гузаштӣ аз мазорон, назар кун,
Ҳазорон зӯрҳо хобанд дар гӯр.
Ба дида ҳусни ин дунё базеб аст,
Ба ҳусни ҳар гулаш ёр андалеб аст.
Ҳама ганҷеву ҳусни дилрабояш
Ба монанди арӯси дилфиреб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё