Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тир хӯрдааму мискину нодор шудам,
Бечора ба пеши ҳар калу кӯр шудам.

Бечора касест пиру афгор шавад,
Беҳавсалаву мискину нодор шавад.
Пас рафта ба пеши сарвари худпарвар
Ёри талабу чизе талабгор шавад.

Нокас, ки агар соҳиби мансаб гардад,
Хандон чу гуле варо руху лаб гардад.
Қулфи дили ӯ баста бигашта тира,
Бадтар зи шабони тирае шаб гардад.

Уммеди дилам зи сарваре канда шудаст,
Ки ӯ ба пулу моли ҷаҳон банда шудаст.
Рафтаст ба як роҳи хиёнаткорӣ,
Бераҳму баде сурати дарранда шудаст.

Аҳсан ба ҳамон шоҳ, ки оқил бошад.
Бар зидди мунофиқон муқобил бошад.
Лаънат ба ҳамон шоҳ, ки золим бошад,
Гар таккабуру бахилу ҷоҳил бошад.

Дар ноҳия ҳар касе, ки сарвар бошад,
Аз сидқи вафо, ки халқпарвар бошад,
Меҳраш ба дили ҳазорҳо ҷо гардад,
Равшан ба ҷаҳон чу нури ахтар бошад.

Сарвар бишавад касеву гапдон бошад,
Хуб аст агар зоти мусулмон бошад.
Донад ҳама некиву бади дунёро
Шоҳе, ки агар ҳофизи Қуръон бошад.

Бар сарвари бад бидон, ки ёрӣ ҳайф аст,
Пешаш ба умед арза орӣ, ҳайф аст.
Бар курсии мансаб ӯ набошад лоиқ,
Ҳатто, ки ба ӯ аспсаворӣ ҳайф аст.

Ду дидаи ман ними ҷаҳонро дидаст,
Ҳам тозагулу гули хазонро дидаст.

пешина
аз 119
навбатӣ