Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Танҳо ба пирон аҷал сару кораш не,
Фавтидагӣ сад гуна ҷавонро дидаст.

Бораҳм диле дар ин замона кам шуд,
Аз дарду ғами замона қомат хам шуд.
Аз чанги аҷал раҳи гурезам набувад,
«Шодӣ бигузашту навбати мотам шуд».

Зебанда ба ҳар як дари ҳавлӣ ток аст,
Одам поку феъли бадаш нопок аст.
Бар ҷониби ҳар мазор гоҳе нигарӣ,
Моро абадӣ бидон, ки манзил хок аст,

Дар ноҳия дон ту, боданӯш бисёр аст,
Рӯбаҳсифатону калламуш бисёр аст.
Бе хору хасе намешавад ҷангалзор,
Дар ҳалқаи мо суханфурӯш бисёр аст.

Дар даври Союз баъзе сардоре буд,
Зидди шариат, золиму бадкоре буд.
Нотарсида аз Худову аз арвоҳе,
Вайронакуни манзилу маззоре буд.

Бечора касе маризу ҳолаш тангай,
Аз пиригарӣ хамида қомат чангай.
Садре накунад раҳм ба ҳар бечора,
Медон, ки дилаш чун дили гургӣ сангай.

Бисёр касони молдорон дидам,
Осеб гаҳ аз ҷолаву борон дидам.
Гӯянд хасисе ном Қорун будаст,
Дар айни замон зиёд Қорун дидам.

Аз ҷабри фалак басо ҷигарҳо хун шуд,
Васвосигари одамизод малъун шуд.
Дидам ба ду чашми хеш одамҳое
Бешарму ҳаё, ба сурати маймун шуд.

Ҳар сарвари золиме ситамгоре ҳаст,
Бисёр касон зи ҷабри ӯ хоре ҳаст.

пешина
аз 119
навбатӣ