Фурӯғи пирӣ

Охир ки макони ӯ ба гӯри тор ҳаст,
Сӯзад ба ҷаҳим чунки гунаҳкоре ҳаст.
Ҳаёт ширину гоҳ талху шӯр аст,
Роҳест туро дар пеш, роҳи дур аст.
Бар манзиле меравӣ, ки он бенур аст,
Он хонаи охир асту номаш гӯр аст.
Дилдодаи ин олами бепоёнем,
Доим зи барои нафси бад сарсонем.
Бо хандаву мастигарӣ по мемонем,
Паймона ки пур шуд, ҷасади беҷонем.
Холиқ, худатӣ нигоҳбони банда,
Танҳо туӣ як рӯзирасони банда.
То он нафасе, ки мӯъмине ҷон дорад,
Номи ту бувад вирди забони банда.
Ёре бигирӣ ки ӯ ба ту ёр бувад,
То охири умри ту вафодор бувад.
Дар даст гуле нагир пурхор бувад,
Бигрифта гуле бибӯй бехор бувад.
Дил боиси модару падар месӯзад,
Сесад рагу пайванди ҷигар месӯзад.
Оне, ки агар чашм пӯшад аз олам,
Фарзанд дилаш чу чӯби тар месӯзад.
Гар ҳурмати пире ту надорӣ, чӣ касӣ,
Аз пир дуо бигир, ба пирӣ бирасӣ.
Гар беадабу зиёнрасоне гардӣ,
Гӯё ба ҳисоби хору сели магасӣ.
Ман ҳофизаму гаҳе ғазал мехонум,
Бар манзили пироне қадам мемонум.
Ҷон садқаи номи Хоҷабиансорӣ,
Ман садқа ба номи ҳазрати Султонум.
Рӯзи баду нек моро ба сар меояд,
Мо мегузарем, насли дигар меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё