Фурӯғи пирӣ

Аз ғуссаи ин ҷаҳон ҷигарҳо хун аст,
Аз ҳар нафасе бӯи ҷигар меояд.
Мо ё ки ҷавон ё ки бигашта пирем,
Ё сурати Искандари дунёгирем,
Ё сурати Рустамем бо пайкари зӯр,
Охир ки аҷал расид, мо мемирем.
Дунё ба ҷамолаш дили моро бурдаст,
Қалби ҳамаи шоҳу гадоро бурдаст.
Армону ҳасад ба синаҳое монда,
Пур буд касе, ки ормонӣ мурдаст.
Ман садқа ба номи Хоҷабиансорӣ,
Дорам зи рӯҳаш умеду дасти ёрӣ.
Андар бари Ховалинг маскан дорад,
Бошад зи бараш чашмаи софе ҷорӣ.
Соқӣ, нишинӣ ба маҳфили шоҳона,
Лабрез накун ба майзада паймона.
Огоҳ бишав зи майхури сусту сабук,
Аз бӯи арақ шавад ӯ чун девона.
Эй ёри арақ, назар ба хору хас кун,
Андешаи он ҷаҳону ҳам аз пас кун.
Хоҳӣ зи ҷаҳон ба нури имон биравӣ,
Кун тавбаву аз шаробнӯшӣ бас кун.
Бисёр касе, ки ошиқи бода шудай,
Баъзеи дигар ба банг дилдода шудай.
Аз ҷаври арақ миёни мардум пайдо
Одамкушу дуздону ҳараҷзода шудай.
Завқи дили ман ба шеър дар ҷӯш омад,
Дар кӯча зи пеш як арақнӯш омад.
Нӯшидагӣ ӯ пакар нигаҳ сӯям кард,
Дидаму ба хотирам каламуш омад.
Ман майзадаро дидан нахоҳам рӯяш,
Ҳатто ки назаркунӣ нахоҳам сӯяш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё