Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наздик ба бӯи нафасаш гар бошӣ,
Бадбӯй зи ҳар бӯй биёяд бӯяш.

Ман пиёдаеву ту савор мебошӣ,
Бераҳм чу гурги бешазор мебошӣ.
Дар бораи суд бахшиат эй раҳбар,
Чун чӯби сари қабри мазор мебошӣ.

Як сарвараке ба сӯи кор меояд,
Гоҳе, ки пиёда гаҳ савор меояд.
Бинад чу маро сӯи само менигарад,
Бинам-ш, ба ёд уштури нор меояд.

Нокас ки агар нӯшид камтар бода,
Девона барин шавад ӯ рӯҳафтода.
Бетоқату ноором гардад зайле,
Ҳангас бикунад харе миёни пода.

Ҳар сарвари бесавод афти кӯрай,
Аз панди бузургони ҷаҳон ӯ дурай.
Аз бехирадӣ набишнавад арзи диле,
Ин сон раҳбар тира дилаш чун гӯрай.

ҒАЗАЛИ КӮҲАНСОЛОН

Мо ранҷкашони кӯҳнасолем,
Нон хӯрда ба меҳнати ҳалолем.
Андар ҳама кор аз ҷавонӣ
Пурғайрату доимо фаъолем.
Бидҳанд агар ба мо саволе,
Омода ҷавоби ҳар саволем.
Хоке, ки кулоли поки пок аст,
Бо амри Худо аз он кулолем.
Дилдодаи панду ҳар суруди
Ҷомию Низомиву Камолем.
То он нафасе, ки зинда ҳастем,
Пайваста ба банди сад хиёлем.
Бо ҳеҷ касе бадӣ надорем,
Аз некии хеш бемалолем.

пешина
аз 119
навбатӣ