Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БА РӮЗИ ҶАШНИ ҶАЛОЛИДДИН

Ба ёдам оварам, ёрон,
Зи шоирҳо Низомиро,
Дигар Бедилу Ҳофизу
Ҷалолиддини Румиро.

Ҷаҳоне ки пур аз ганҷу
Пур аз дарёву соҳил аст,
Маро меҳри Ҷалолиддин
Чу ҷонам ҷой дар дил аст.

Варақҳои китоби ӯ
Пур аз панди ҷаҳон дорад,
Ҳадису панди қуръониву
Панди ломакон дорад.

Китоби пандомезаш
Агар ҳар одаме хонад,
Мусулмонзодае бошад,
Қадамҳо рост мемонад.

Дили Ҷалолиддин кони
Гуҳар будаст, донистем.
Зи асрори ҷаҳон ӯ
Бохабар будаст донистем.

Ба қалбаш ҷойгир меҳри
Худо будаст, донистем.
Зи асрори ҷаҳон ӯ
Бохабар будааст донистем.

Ба қалбаш ҷойгир меҳри
Худо будаст, доинстем.
Шумо бовар кунед охир
Чи гап Қурбоналӣ гӯяд:

Ба монандаш бузургеву
Чунин шоир куҷо рӯяд?!
ВАСИЯТ ВА ПИҲИЛ

Ҷумла фарзандону эй хешони ман,
Вақте Азроил шавад меҳмони ман,
Ҳаст ӯро майл, медонад ҳама,
Меситонад аз вуҷудам ҷони ман.
Меравам аз ин ҷаҳони дилфиреб,
Зор монад хонаву айвони ман.
Дар лаҳад пӯсида мегардад ҳама
Пайкару рӯву сару миҷгони ман.
Ҳайфи ду пои раво, дасти расо,
Ҳайфи ин ҳарду лаби хандони ман.
Дар кафан печидаву тан зери хок,
Ҷовидон гардад лаҳад зиндони ман.
Аз шумо хоҳам, ки созедам пиҳил,
Ҷумла мӯъминҳои қадрдони ман.

ЁДБУД АЗ УСТОДОН

Маро ҳаштод омад синну солам,
Намоед гӯш, ёрон, арзи ҳолам.
Зи пирӣ ранги одам зард будаст,
Ба тан пайдо шуда ҳар дард будаст.
Ба қалби ӯ дигар савту наво нест,
Ба дардаш дору аз баҳри даво нест.
Ба дил, ёрон, ҳазор андеша дорам,
Ба ёдам аз бузургоне биёрам.
Бузургоне ба онҳо роз гуфтам,
Якояк ҷумларо устоз гуфтам.
Раҳи эҷоднишондодаи мо
Канӣ Мирзои Турсунзодаи мо?!
Ба кишвар ӯ раиси шоирон буд.
Балад бар ӯ тамоми кишварон буд.
Нишастагӣ ба сад мардони соқӣ,
Куҷо шуд зиндадил Раҳим Боқӣ?!
Яке устоди ман, ки Сайдалӣ буд,
Зи деҳи Хонақо ибни Валӣ буд.
Ба маҳфиле, ки мегардид ҳозир,
Чу Боқӣ буд марди шӯх шоир.

пешина
аз 119
навбатӣ