Фурӯғи пирӣ

Бузурге буд Аминҷон Шукӯҳӣ,
Ягона шоири гапдон Шукӯҳӣ.
Аҷаб шоири хуб Абдусалом буд,
Падар Деҳотӣ, ӯ ширинкалом буд.
Муриде аз адибони қадимӣ
Аён буд ӯ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ.
Шуда буд шоире, ки чун Худодод,
Ба чандин шоироне буд устод.
Рафиқам шоире Қутбӣ Киром буд,
Шуда машҳур байни хосу ом буд.
Ба ман буд солҳо чун ёри ҷонӣ,
Ба қалбам ҳаст меҳраш ҷовидонӣ.
Куҷо шуд Шералӣ Лоиқи моён?!
Зи байни ҷумла халқи Тоҷикистон
Ҳақиқӣ шоири оташсухан буд,
Писанди сарвари ҳар анҷуман буд.
Бидода дил ба шеъри баччагона,
Китобаш пур буд аз шеъру тарона,
Рафиқу ёр бар аҳли адаб буд,
Бипурсӣ кист? Убайди Раҷаб буд.
Тараббахшо ба чандин қалби ғамгин,
Куҷо шуд ҷӯраам Фарҳат Муҳиддин?!
Аз онҳо мешавам ман ёдовар,
Шуда ғамгин ниҳода даст бар сар.
Зи найранги аҷал андеша орам,
Зи ҳар санги аҷал андеша дорам.
Чу тире тез бошӣ дар ҷаҳидан,
Зи чангаш нест як роҳи раҳидан.
Ба чанголаш хазон гардида баргам,
Надорам чорае, дар чанги маргам.
Набошам пардапӯш, пире аёнам,
Зи дунё дар сафар бар он ҷаҳонам.
Бувад ҷо меҳратон дар маҳфили ман,
Чу мӯҳри нуқрагине дар дили ман.
Зи синусоли пирӣ дар ҳаросам,
Чу арвоҳе ниҳон зери либосам.
Зи пирӣ қомати одам, ки хам шуд,
Зи дасту пойҳо ки қувва кам шуд.
Дигар маза надорад зиндагонӣ,
Дареғо аз ҷавонӣ, ваҳ ҷавонӣ.
Ҷавонӣ дур аз ман ҷовидон шуд,
Дили Қурбоналӣ сард аз ҷаҳон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё