Фурӯғи пирӣ

МАН АСТ
Аз китобе панд хонам чун дабистони ман аст,
Зодгоҳам маскани доимгулистони ман аст.
Меҳри поки модаре ҷонам ба ҷонаш парварид,
Ҷой гашта ҷовидон бар қалбу бар ҷону ман аст.
Гавҳари қиматбаҳову мазабахшанда ба ҷон,
Зинда бошам, то даме ҳар дона дандони ман аст.
Ҳар шабе, ки хоб бошад ҳамсарам андар барам,
Шамъи рӯяш гӯиё шамъи шабистони ман аст.
Мекунам такрор меҳри модарам бори дигар,
Хоки пояш тӯтиё болои чашмони ман аст.
Модаре Қурбоналиро, ки расонид бар камол,
Бо мисолаш модари ҷон Тоҷикистон ман аст.
САИДАҲМАД КАРИМИ ҚАҲРАМОН
Буд ҷавоне, дида будам комату андоми ӯ,
Ҳамдиёрам буд, Сайдаҳмад Карим буд номи ӯ.
Дида будам тавсани бо зину бо лаҷоми ӯ,
Ҳамчу шоҳин медавид аспи Гули бодоми ӯ.
Дар ҳақиқат одами пурғайрату бонанг буд,
Панҷ соли пурра ӯ дар байни ҷӯши ҷанг буд.
Пайкараш монандаи пӯлод буду санг буд,
Зидди хасмони ватан Рустами соҳибчанг буд.
Дар миёни лашкари оташзани Гирмониён
Буд Сайдаҳмад чу шере галлаеро дар миён.
Ӯ наметарсид аз ҳар ҳамлаи гургу паланг,
Не зи марге дошт ваҳме андарон майдони ҷанг.
Сахт зидди душмани ғаддор разме бурда буд,
Дар дами шамшери ӯ садҳо фашистон мурда буд.
Лашкари савораро дар ҷанг сарвар буд ӯ,
Чун Суворов сарвари як зумра лашкар буд ӯ.
Ҷанг аз наздики Маскав бо фашистон карда буд,
Хасмҳо аз тарси ҷон сад доду афғон карда буд.
Душманонро ҳар куҷо дар хок яксон карда буд,
Зиндаҳояшро зи хоки рус гурезон карда буд.
Ҷангҳо гаҳ аз ғазаб дандон ба дандон карда буд,
Қисса кӯтаҳ, ҷангҳо то мулки Гирмон карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё