Фурӯғи пирӣ

Шуд ба чашми сарварони олӣ зӯриаш аён,
Офарин гуфтанд, эй тоҷикмарди қаҳрамон.
Бар ватан баргашт аз Берлин шамшераш ба бар,
Буд дар пеши бараш ҳар медали фатҳу зафар.
Баҳравар гардида буд аз офтоби илму фан,
Карда буд ҷонбозиҳо аз боиси ҳифзи ватан.
Дар дилаш ки дошт Сайдаҳмад Карими мо тараб,
Ҳар куҷо по мениҳод бо мардуми аҳли адаб.
Дар қатори шоирон ӯ боз як шоир шуда,
Судовар ҳамчу нури шамси оламгир шуда.
Зинда номаш ҷовидон дар кишвари ободи мо.
Мондаасту гум нагардад ҳеҷ ӯ аз ёди мо.
Васфи ӯ Қурбоналӣ дар ҳар китобаш кардааст,
Чун Суворов қаҳрамон ӯро ҳисобаш кардааст.
ШИКОЯТ АЗ ПИРӢ
Эй ту, пирӣ, аз ҳад афзун бемадорам кардаӣ,
Дур аз сайру тамошои баҳорам кардаӣ.
Гаҳ ба подарду миёндарде дучорам кардаӣ,
Дар хаёлам кӯҳро дар пушт борам кардаӣ.
Чеҳрахандон дар ҷавониҳо мисоли гул будам,
Хушнаво дар тӯйҳо монандаи булбул будам.
Ҳофизе огаҳ зи ҷумла қиссаи Ҷамбул будам,
Дур, эй пирӣ, зи дил савти ҳазорам кардаӣ.
Ҳамчу испори хаме ту пайкари ман сохтӣ,
Шакли кӯҳи барфпӯше бар сари ман сохтӣ.
Ҷо шароби талхро бар соғари ман дохтӣ,
Пеши ҳар як нокасу кас интизорам кардаӣ.
Боқии умрам зи рӯи ту азоб асту азоб,
Ту вуҷудам, пирсолӣ, боз месозӣ хароб.
Пурра медонам, ки аз ту нест умрам баҳраёб,
Чун гули бехор будам, лек хорам кардаӣ.
Ҷон фидои номи покат, эй карими корсоз,
Шукр, ки Қурбоналиро додаи умри дароз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё