Фурӯғи пирӣ

Ман надонам баъд аз ин ки умр дорам чанд боз,
Ҳар чӣ кардастӣ, худат, Парвардигорам, кардаӣ.
ҲАСТ ҶОНАШ ДАР АЗОБ
Дидагӣ будам навишта дар китоб,
Гуфтагӣ буд хонаи зулмат хароб.
Лек бинам боз дузду порахӯр,
Кай бигардад хонаи зулмат хароб?!
Як масал, доро хӯрад гӯшти кабоб,
Лек бепул мехӯрад дуди кабоб.
Дидаам боёни афзун дар замон,
Нест дар онҳо ягон кори савоб.
Пеши роҳи бой охир тоза нест,
Рӯзи маҳшар ҳаст ҷонаш дар азоб.
Сӯзиши бисёри оташ бар сараш
Мешавад бо амри ҳақ аз офтоб.
Бойи бехайру сахо ҷон медиҳад
Чун бузе ҷон медиҳад чанги қасоб.
Дар қиёмат манзили бойи хасис
Байни оташ ҳасту байни лою об.
Аз падар –модар бигирад кас дуо,
Дон, яқин аз умр гардад баҳраёб.
Роҳи хайру тоат, эй Қурбоналӣ
Зиндаӣ то, бош андар кофтукоб.
ФАТҲИДДИН БУД
Устои чӯбтароше
Вай Устофатҳиддин буд.
Дар Ховалинги моён
Устои беҳтарин буд.
Базебу қадбаланде,
Марди сиёҳқош буд.
Ҳам дарбаччатарошу
Ҳам боз дартарош буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё