Фурӯғи пирӣ

Аз он шикорҳо кардан
Пушаймони пушаймонам,
Ба подарде гирифторам,
Ҳаловат нест бар ҷонам.
Зи рӯи кӯҳгардиҳо
Бубин бо чеҳраи зардам,
Гаҳе гашта гирифторе
Ба сардарду миёндардам.
Намегаштам шикорчӣ аз
Паи нахҷир намегаштам,
Зи сад боло ки мерафтам,
Ба фаҳмам пир намегаштам.
Чу ин Қурбоналиям гар
Писар, сайёд мегардӣ,
Ба даврони куҳансолӣ
Аҷаб ношод мегардӣ.
ПАЛАНГӢ Ё КИ ТУ ХИРСӢ
Аҷаб сардори пастӣ ту,
Чу як дунёпарастӣ ту.
Зи рӯи дуздӣ мастӣ ту,
Ба ту мансаб ҳаром астӣ.
Ба зудӣ гум шавӣ, ганда,
Надорад чеҳраат ханда.
Ба мурдан ҳастӣ арзанда,
Ба ту мансаб ҳаром астӣ.
Зи бехат зоти нопокӣ,
Зи тӯпи бадтарин хокӣ.
Ба зайли мори Заҳҳокӣ,
Ба ту мансаб ҳаром астӣ.
Биноланд аз ту одамҳо,
Миёни тепаву хамҳо.
Туӣ сарчашмаи ғамҳо,
Ба ту мансаб ҳамом астӣ.
Нишаста бар сари курсӣ,
Зи арзи кас намепурсӣ.
Палангӣ ё ки ту хирсӣ,
Ба ту мансаб ҳаром астӣ.
Ту ғофил аз аҷал бошӣ,
Чу хасми камбағал бошӣ.
Ту чун деви дағал бошӣ.
Ба ту мансаб ҳаром астӣ.
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Чу ширин аз асал моро забон аст,
Шуда машҳур дар кулли ҷаҳон аст.
Ягон нуқсу ягон иллат надорад,
Чунин лафзе ягон миллат надорад.
Ба он то он даме ки ман ҳаётам,
Намудам гуфтугӯ, ғарқи нишотам.
На котибеву не ман як раисам,
Ба ин шева сурудҳо менависам.
Худованде, ки тоҷик офаридаст,
Ба мо ин шеваро лоиқ бидидаст.
Ҳама ҷо гаштагӣ овозаи мо,
Ба таъриф ин забони тозаи мо.
Забоне, ки сифоташ бар надорад,
Ба мислаш қимате гавҳар надорад.
Бувад ки ин забони модарона,
Ба мо монад забони ҷовидона.
Манам Қурбоналӣ, то ҷон ки дорам,
Забонро мағзи ҷонам мешуморам.
БА РӮЗИ ҒАЛАБА МАН ДИДАМ
Агар пурсед, эй ёрон,
Чиҳо дар ҷанг ман дидам.
Ба хасми шум биҷангида,
Аҷал ҳар ранг мна дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё