Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба чашмонам ба саҳрову
Ба ҳар як бора ман дидам,
Тане аз таркиши бомба
Шуда даҳ пора ман дидам.

Куҷое бомба метаркид,
Замин шуд ғор, ман дидам.
Зи чархи танкҳо мешуд
Замин шудгор, ман дидам.

Ҷазир гардида ҳар шаҳре,
Ки буд обод, ман дидам.
Фашистонро ба хунрезӣ
Чу ҳар ҷаллод ман дидам.

Ба зайли санглохе ки
Ба ҳар сангоб ман дидам,
Зи мурда байни ду лашкар
Қаторак хоб ман дидам.

Зи хунрезӣ гурӯҳеро
Шуда носер ман дидам.
Ҷудо сарҳои одамҳо
Ба ҳар шамшер ман дидам.

Чу рӯзи маҳшаре ҷанге
Ба дашту ёла ман дидам,
Зи ду саф тирбороне
Ба зайли ҷола ман дидам.

Фашистони асиргашта
Ба дом афтода ман дидам,
Зи насли Гитлери шум
Чӣ аҳмақзода ман дидам.

Агар шоҳе, ки чун Гитлер
Роҳи ҷанг меҷӯяд,
Диле бераҳм аз модар
Чу қалби санг мерӯяд.
Мусулмонон, ҳама гӯед
Ё халлоқи ду олам,
Шавад хушку бигардад гум
Нишони ҷангҷӯ одам.

Зи шодӣ фахр созем ки
Ғалаба кардаем моён,
Аз ин кишвар шарафмандем
То бар кишвари Гирмон.

Мане Қурбоналӣ ҳастам,
Зи хоки Тоҷикистонам,
Агар то зиндаам, лаънат
Ба душман мефиристонам.

БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Эй навҷавони паҳлавон,
Марди далери кордон,
Будем давре ки ҷавон,
Гаштем марди посбон.
Омад ба хоки русҳо
Аз лашкари гирмониён.
Мо рафтаву ҷангидаем
Аз худ нагуфта ҷисму ҷон.
Ҳар бомба меомад фурӯ
Аз зери ҳар аэроплон.
Медод овозе чунон
Катюшаву тиру камон.
Мегашт садҳо навҷавон
Дучори марги беамон.
Дар ҷанг буд андар барам
Марде зи насли тоҷикон .
Аз деҳи Лангар писаре
Ном Абдулло ибни Санон.
Нотарс меҷангид ӯ
Бар лашкари Гитлериён.
Чун шери наре гаштагӣ
Ҷо галларо андар миён.

пешина
аз 119
навбатӣ