Фурӯғи пирӣ

Дар Мӯъминобод Абдулло
Дар дидаи хурду калон
Дорад ба бар афзун нишон,
Унвони ҳамчун қаҳрамон.
Рӯзе зи дунё бигзарад
Чун Рустами сардостон,
Ҳамчу Амиршоҳи Сафар
Зиндаст номаш ҷовидон.
Акнун шунав ту мухтасар,
Эй навҷавони ин замон,
Мардона бар ҳифзи Ватан
Лозим чу гаштӣ, по бимон.
Ҳушёр шав, то гулшане
Аз дасти хасме ногаҳон
Оташ нагирад ғофиле,
Барги гуле гардад хазон.
Коре бикун, Қурбоналӣ
Бо дидааш бинад аён,
Дар хизмати Модар-Ватан
Бошӣ ту фахри модарон!
ҲАЗЛ-ШАҲДРЕЗ
Баъзе талаба монанди пукай,
Нигоҳаш афти нигоҳи ғукай.
Дар рӯи харак аз рӯи сармо
Гаҳе кунад ҷинҷ, афти шулукай.
Баъзе талаба дар назди устод
Монанди барги само сабукай.
Баъзе толиба дар пеши бачча
Накарда шарме, бин фук ба фукай.
Баъзе бачча боз дар пеши духтар
Истодагӣ рост монанди дукай.
Имсол дидам ҳар як дабистон
Аз беаловӣ хело хунукай.
Хунукӣ бувад зарардиҳанда
Бар талабае курташ тунукай.
Баъзе талаба аз рӯи сармо
Часпида лаб то банди зунукай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё