Нигоҳи чашму дил

Ёдгор сари худро аз болини хоб бардошта, модарашро дида, хеле хушнуд шуд ва салом доду барои шустани дасту рўяш ба берун баромад. Ӯ баъди наҳорӣ намудан ба сўи пахтазори дар поёни деҳа ҷойгирбуда раҳсипор шуд, ки аллакай қисми зиёди ҷавонон ба пахтачинӣ машғул буданд. Аз миёни анбуҳи ҷавонон Ситораро ҷуст ва ниҳоят ёфта, дар дил хурсандии зиёд мекард.
Ғулом-саркор ба чеҳраи ў нигариста гуфт: - “Камтар барвақттар аз хоб хезӣ намешавад, аллакай ҳамсолонат миқдори зиёде пахта чиданд. Тезтар ба пахтазор даро ва кўшиш намо, ки аз дигарон кам пахта начинӣ”.
Ёдгор ба назди Ситора рафта, салом дод. “Ман барвақтар омада, ба ту ҳам аз паҳлуям ҷўяк гирифтам”, - гуфт Ситора баъди ҷавоб гуфтани саломи Ёдгор. То бегоҳ пахта чида, изҳори ишқу муҳаббат карда, ҳар ду ваъда доданд, ки дар роҳи ишқ содиқ мемонанду ба ҳамдигар мерасанд. Ҳамин тавр, ҳар ду ошиқ ҳар рўз сўи пахтазор рафта, ҳаёти худро бо ҳам сипарӣ менамуданд. Қиссаи ишқу ошиқии Ёдгору Ситора ба атрофу акнофи деҳа паҳн шуд. Падари Ситора, ки ҷонишини раиси деҳа буд, барои ба пахтачинӣ рафтани духтараш дигар иҷозат надод.
Аз ин қарори падар онҳо чӣ кор карданашонро намедонистанд.
Ишқи ҷонсўз тамоми пайкару устухонашонро месўхту роҳи мувофиқу муносиби ба дидори ҳамдигар расиданро меҷустанд.
Аз байн бист рўз гузашт, ки ҳар ду аз суҳбати ширину гуворои ҳамдигар маҳрум буданд. Ниҳоят Ёдгор бо кумаки дугонаи Ситора Санавбар мактубе навишта фиристод. Ҳангоми ба даст гирифтани мактуб Ситора онро бӯй кашид ва ба машомаш накҳати хуше расид, ки лаҳзае нооромаш кард. Хеле ғамгин шуда, аз дил гузаронд, ки дар ин замона барои расидани висол ва ишқи ҳақиқӣ наздикон монеа мешаванд. Оё фикр мекарда бошанд, ки ин тасмимҳо барои ошиқон чӣ қадар мушкил аст?
Охир ҳар лаҳзаи фироқ барои ошиқон чӣ қадар тоқатфарсо аст ва онро бо машаққати зиёд паси сар мекунанд. Ситора низ чандин мактуби пурсўзу гудоз фиристода, дўстдориву муҳаббати покашро ба Ёдгор изҳор мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё