Нигоҳи чашму дил

Рўзе модари Ёдгор ба чеҳраи хазону афгори писари якааш нигариста гуфт:
- Писарам, ягон ҷоят дард мекунад, чаро ин қадар харобу лоғар ва парешонхотир менамоӣ?! Гўй, писарам, дарди дилатро холӣ намо, охир ба ҷони худат раҳм кун.
Ёдгор аввал хеле фикр карду ба хотираш омад, ки аз модараш дида касе ба ў ҳамроз нест. Бояд ба модарам асли воқеаро гўяму роҳи дурустро бо ҳам ёбем. Сари худро ба замин афканда бо азобе гуфт: - Модарҷон, ман Ситора, духтари ҷонишини раиси деҳаро дўст медорам. Ў низ маро дўст медорад, аммо падараш зидди вохўриву мулоқоти мост. Гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ духтарамро ба ў намедиҳам.
Модар аз ин сухани охири писар хеле ғамгин шуд ва худро ба даст гирифта натавониста гиря кард. Модару писар ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, хомўшона ва бо қалби сўзон ашк мерехтанд. Ёдгор ба модар нигариста гуфт: - Модарҷон, биё, ба хонаи онҳо хостгор фиристем, шояд Ситора падарашро розӣ кунонида тавонад. Дар мактуби охиринаш ин таклифро ба ман карда буд.
Модар пешниҳоди писарашро қабул карда, ваъда дод, ки баъди якчанд рўз ба хостгорӣ меравад. Аз ин таклиф чанд рўз гузашт ва ҳоло ҳам ошиқон мактуб мегирифтанду дар ин боб орзуву ниятҳои худро ба ҳамдигар мегуфтанд. Ситора дар як мактубаш ба Ёдгор навишта буд, ки аз корҳои падараш хеле дилхаста шудааст. Охир, ҳатто ба берун баромада, ҳавои тоза гирифтан ҳам намемонад. Мисли мурғи дар қафасам ва аз ин ҳолат бисёр хаста шудаам. Дигар тоқат карда наметавонам, биё аз деҳа ба шаҳр меравем.
Ёдгор ин нақшаи Ситораро қабул накард, чунки медонист, ин кор оқибати хуб надорад. Фикр кард, ки аз деҳа гурезанд, азобу дарди модараш боз зиёдтар мешавад ва дарк мекард, ки модарон тоқати ин ҳолатро надоранд. Дар ҷавоби мактуб навишт, ки агар ту падаратро розӣ кунонида тавонӣ, пагоҳ ман хостгор мефиристам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё