Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ёдгор ба назди муллои деҳа бобои Фатҳуллоҳ рафта, тамоми саргузашту воқеаҳои ба сараш омадаро нақл кард.
Бобои Фатҳулло ба Ёдгор нигариста гуфт:

  • Писарам, падарат Салим (ҷояш ҷаннат бошад) бисёр инсони меҳрубон, ғамгусор ва ба дигарон ҳамеша кумакрасон буд. Вақте ман барои муҳофизати Ватан аз чанголи фашистон рафта будам, ба оилаву кўдакони ман дар бисёр ҳолат ёрӣ расондааст. Модари кўдаконам нақл кард, ки зимистони соли 1944 бисёр сард омад. Тамоми хўроку ғизо, либосу пойафзол ва дигар ашёи лозима ба фронт фиристода мешуд, то ҳар чи зудтар ғалабаро таъмин намоянд. Дар хона чизе набуд, ки ба кўдакон диҳам ва аз ин бисёр ғамгин шудам. Дар ҳамин ҳолат Худованд ба додам расид. Ба берун баромадам ва Салимро (ҷояш ҷаннат бошад) дидам, ки аз куҷое меомад. Ба ман салом доду аз ҳолу аҳволи шавҳараму кўдаконам пурсон шуд. Чизе гуфта натавонистам ва гиря гулӯгирам кард. Фаҳмид, ки дар хона чизи мехўрдагие надорам ва “Ҳозир ман меоям”, - гуфта, ба хонааш рафт. Лаҳзае пас дар як дастархон шаш ҳафт дона нони танурӣ ва дар халтае даҳ понздаҳ кило орд оварду гуфт: “Инро гиру ба писаронат деҳ, боз лозим шуд, ба хона биё, нону орд ҳаст, бурда хўрдан гиред”. Баъди ин чандин маротибаи дигар низ ба оилаи мо ёрӣ расонидааст. Вале, мутаассифона, ў, ки маъюб буд ва хуб роҳ гашта наметавонист, дар соли 1945 аз олам чашм пўшид.
    Ман ҳеҷ гоҳ кумаку ёрии ўро фаромўш намекунам. Ҳар чизе, ки аз дастам ояд, ба оилаи Шумо ёрӣ мерасонам. Ҳатман дар ин кор муваффақ мешавӣ. Пагоҳ ду-се мӯйсафедро гирифта, ба хонаи онҳо меравем. Модаратро низ гўй, ки чизҳои лозимаро омода карда, тайёр шаванд.
    Ёдгор аз суханони муллои деҳа изҳори хушнудӣ намуда, чӣ гуна изҳори миннатдориву сипосгузорӣ карданашро намедонист. Ӯ чӣ тавр ба хона расиданашро нафаҳмида монд, гўё чизе аз таги дастонаш ба само бардошта, ба назди модараш меовард.
пешина
аз 194
навбатӣ