Зеҳн
Нигоҳи чашму дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 194 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Модарҷон, ҳой модарҷон, тайёр шавед, пагоҳ муллои деҳа бобои Фатҳулло бо чанд нафар муйсафед ба хостгории Ситора мераванд. Гуфтанд, ки модаратро хабар кун, ки чизҳои заруриро ҳамроҳ гиранд, - гуфт бо хушнудӣ ба модараш Ёдгор.
    Модари Ёдгор бо сад орзу ба хонаи ҳамсояаш - холаи Гулшан рафта, ўро низ гуфт, ки ҳамроҳ бо зани Собир Савсан ба хонаи Ҷобир барои хостгории Ситора мераванд, омода шаванд.
    Модар бо сад фикру хаёли фараҳбахш кулчаҳои равғанин, ҳалвою дигар анвои шириниро дар дастархон печонида, ба хонаи ҳамсоя гузашт. Модари Ёдгор бо занҳои ҳамсоя ва мулло Фатҳулло бо мӯйсафедон ба сўи хонаи амаки Ҷобир раҳсипор шуданд. Падари Ситора ин қадар анбӯҳи зиёди одамонро дида, лаҳзае карахт монданд. Баъдан: “Биёед, биёед”, - гӯён ба чеҳраи ҳар яке аз меҳмонон назар мекард. Дар аввал каме гарангу лол монд. Барояш маълум шуд, ки барои Ситора хостгорӣ омадаанд ва тахминаш ҳангоми рў ба рў шудан бо модари Ёдгор рост баромад. Меҳмононро ба хона дароварда, барояшон дастархон густурданд. Рўи дастархонро бо анвои хўрданӣ пур карда, хўрок низ оварданд. Баъди хўрдани хўрок муллои деҳа Фатҳуллоҳ сари мақсад омада, ба Ҷобир нигариста гуфт:
  • Мо имрўз бо нияти нек барои як кори хайру савоб ба дари хонаатон омадаем. Фикр менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ин пешниҳоду дархости моро рад намекунед.
    Ҷобир ба сўи мулло Фатҳулло нигариста интизори давоми суханаш шуд. Домулло сухани худро идома дод:
  • Ёдгор, писари раҳматии Салим, ба духтарат Ситора дил додааст ва ҳар ду бо розигӣ мехоҳанд, оилаи нав бунёд кунанд.
    Ҷобир чӣ гуфтанашро надонист ва ба муллои деҳа нигариста гуфт:
  • Ҳоло духтари ман Ситора хурд аст ва ба оилаву оиладорӣ сарфаҳм намеравад. Бояд гўям, ки ўро ба писари аммааш Равшан гаҳворабахш намудаем. Ҳоло ў низ қадрас шудааст ва тибқи нақша соле пас тўй мекунем.
    Баъди ин сухани Ҷобир дар чеҳраи мулло Фатҳуллоҳ ҳисси ғамгиние зоҳир шуд ва дарҳол ба сараш фикре пайдо шуду афзуд:
пешина
аз 194
навбатӣ