Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба зӯрӣ намерам,
Хотиртуна ҷамъ доред.

Ин ашӯла дар иҷрои зани маҷбуран ба шавҳар додашудае, ки дар вақтҳои иродаи худро ба хоҳишу кӯшиши падараш муқобил гузошта натавонистааст, нусхаҳои зеринро пайдо намудааст:

«Дадо» гӯям, «ҳа» гӯед,
«Духтари дадо» гӯед.
Алами дилама гӯям,
Нуммола гирун гиед.1

«Дадо» гӯям, «ҳа» гӯед,
«Ҷунатба дадо» гӯед,
Хостагимба надода,
Умрама хазон кардед!

Ниҳоят ашӯлаи мазкур боз як варианти дигар ба вуҷуд овардааст, ки аз ҷиҳати мавзӯъ ба нусхаҳои болоӣ муносибате надорад ва орзуи хоксоронаи як нафар духтари меҳнатиро инъикос менамояд:

«Дадо» гӯям, «ҳа» гӯед,
«Духтари дадо» гӯед.
Кае, ки Кӯканд равед,
Дутта дукам биёред.

Инак, масъалаи вариант дар ашӯлаҳо низ дар бобати муайян намудани хусусиятҳои сурудҳои халқии лирикӣ, алалхусус, таърихи тараққиёти онҳо дар замони мо аҳамияти махсуси илмӣ дорад.

Тақдири таърихии ашӯлаҳо. Ашӯлаҳо ба ҷумлаи жанрҳои фолклории дар замони мо хеле инкишофёфта мансуб буда, ҳоло протсесси аҷиби такомулотро аз сар гузаронида истодаанд. Имрӯз ашӯлаҳои зиёд ва нусхаҳои тозаи бисёр ашӯлаҳои кӯҳна ба миён омадаанд, ки муносибати оммаи васеъро ба ҳаёти нав, аз давраҳои задухӯрдҳои шадиди революсионӣ ва ҷангҳои гражданӣ сар карда, то парвози ҳайратангези киштиҳои ҳавоии советӣ ба коинот инъикос менамоянд.

Аввалин ашӯлаҳои нав хусусияти ҳаҷвӣ доштанд. Дар онҳо намояндагони синфҳои сарнагуншуда: бою қозию мулло ва ҳама гуна кӯҳнапарастон ва ҳомиёну тарафдорони ҷаҳолату хурофот масхара карда мешуданд, онҳо ҳукумати ҷавони советӣ ва Армияи Сурхро васф мекарданд, ки «ҷони бойхоро гирифта», камбағалонро ҳаёти нав бахшидаанд.

Баъдтар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба таври васеъ ҷалб карда шудани занону духтарон, фаранҷии нанговарро пушти сар кардани онҳо, дар фабрикаҳои дӯзандагӣ ва бофандагӣ кор карда, аз ҳосили меҳнати худ баҳраманд шудани онҳо, фаъолияти ҷамъиятии занони зарбдору пешқадам, рӯз то рӯз ободу зебо шудани шаҳру деҳот, зебоиҳои ҳаёти колхозӣ барин бисёр ҳодисаҳои хурсандибахши замони мо мавзӯи ашулаҳои халқӣ қарор гирифтаанд. Персонажҳои ашулаҳои халқии советӣ

1 Гиед — гирья кунед.

пешина
аз 295
навбатӣ