Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Шикоят аз тақдир. Маълум аст, ки то Революцияи Кабири Социалистии Октябр дар сарзамини тоҷикон дар шароити ҳукмронии сохти феодалии патриархалӣ зани тоҷик аз ҳама гуна ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум буд. Беҳуқуқии зан ҳанӯз дар оила оғоз меёфт ва ӯ аз ҳастии ҷамъиятӣ тамоман дур нигоҳ дош- та мешуд. Н. А. Кисляков дар «Оила ва никоҳи тоҷикон»1 ном асараш дар асоси материалҳои фаровони этнографӣ муносибати оилавии мардуми тоҷикро дар гузашта муайян кардааст.
«Хусусияти характерноки оилаи тоҷикон то Революцияи Қа- бири Социалистии Октябр, — менависад Н. А. Кисляков, — бе- ҳуқуқӣ, мазлумии зан, таҳқир шудани вазъияти вай ва дар му- носибатҳои оилавӣ ҳукмрон будани мард буд, ки нисбат ба зан ҳокимияти беҳудуде дошт. Беҳуқуқии зан дар оилаи тоҷикон, гӯшанишинии маҷбурӣ, зӯран ба шавҳар додани хурдсолон, қа- лингирӣ, серзанӣ, беасос занро талоқ кардани мард, соҳибҳу- ҳуқ будани шавҳар дар оила ҳар замон дучори муомилаи дағал шуда, зарбу лат хӯрдани зан аз тарафи шавҳар ва монандӣ ин- хо, дараҷаи олии беҳуқуқии занро нишон медиҳад»2.
Н. А. Кисляков ба чунин ақида меояд, ки қалингирӣ дар амал хариду фурӯши занро ҳамчун мол ифода менамояд. Ҳукм- рон будани чунин урфу одат бадбахтии бечораҳоро қонунӣ ме- гардонад. Аз як тараф, ҷавонони камбағал маҷбур мешаванд, ки занҳои калонсолу бадафт ва бенуру бевамондаро ба занӣ ги- ранд, аз тарафи дигар, духтарони ҷавону зебо ба дасти шавҳар- ҳои пиру серзана меафтоданд.
Ин ҳодиса, ки дар фолклоршиносии тоҷик «никоҳи маҷбу- рӣ» ном гирифтааст, дар рубоиҳои халқии Кӯлоб, Гарм, Дар- воз, Ҳисор, Бадахшон ва дигар ноҳияҳо ба таври васеъ акс ёф- тааст. Дар як гурӯҳ рубоиҳо ҷавонписар аз камбағалӣ ва ба мақсад нарасидани худ шикоят карда, ба муқобили шароити мавҷуда эътирози сахт баён мекунад. Гурӯҳи дигари рубоиҳо шикояти зан ва ба муқобили мазлумӣ ва беҳуқуқӣ дар оила, ба муқобили зарурияти зиндагӣ кардан бо шавҳари манфур ба шӯр омадани ӯро ифода мекунанд. Дар гурӯҳи сеюми ру- боиҳо ҷавондухтарону ҷавонписарон аз тақдири баду нохин- чор ва ҷудоии маҷбурӣ аз дилдодаи худ шикоят мекунанд. Дар гурӯҳи чоруми рубоиҳо ҳаёти одамони бадбахт тасвир меёбад.
Рубоиҳое, ки ба никоҳи маҷбурӣ оиданд, якчанд мавзӯъро дар бар мекунанд, ки яке шикоят аз камбағалист. Рубоиҳои ин гурӯҳ одатан аз муроҷиати ҷавон ба духтар оғоз меёбад. Ҷавон муҳаббати худро ба духтар баён намуда, бо дарду алам эъти- роф мекунад, ки аз сабаби камбағалии худ ҳатто дар хусуси му- лоқот кардан бо ӯ хаёл карда наметавонад:
Ма соле надорум, ки ҳалоли ту шавум,
Шабҳо то рӯз дар канори ту шавум.
1 Н. А. Кисляков. Семья и брак у таджиков, М.—Л, 1959.
2 Ҳамон асар, сах. 242.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё