Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Камбағалӣ дар шароити ҳукмронии никоҳи маҷбурӣ ва ҳатмӣ будани қалингирӣ бадбахтии тоқатфарсо буд. Дар рубои лаҳзаҳои гуногуни зуҳуроти ин фоҷиа ифода ёфтааст. Ҷавонони камбағали номурод дар хусуси ҳамчун мол харидаву фурӯхта шудани духтарон бо нафрату ғазаб сухан меронанд.

Дар як силсила рубоиҳо ошиқони сарсахту бечора аз хусуси дар зери шиканҷаи шавҳари номувофиқ дучори азобу уқубати тоқатфарсо гардидани дилдодаи худ арз кардаанд. Шавҳари дағалу бадафт ба зоғи дузд монанд карда мешавад. Зан дар хонаи ин қабил мардон ба ғаму андӯҳи беохир гирифтор мешуд. Ҷавони дилбохта худро тасалло дода мегӯяд, ки гунаҳкору таҳқир намудани маҳбуба лозим нест, чунки ӯ бе ин ҳам аз озодию хушбахтӣ бенасиб аст.

Ҳар хона, ки бечорагӣ бошад, ҳайфай,
Маъшуқа, ки бедимоғ бошад, ҳайфай.
Харгиз сухани талха ба маъшуқ нагӯй,
Тутӣ, ки ба чанги зоғ бошад, ҳайфай.

Суханони духтарони зӯран ба шавҳари номуносиб додашуда низ пур аз сӯзу гудоз аст. Онҳо дучори асорати якумрӣ шудани худро таъкидкунон ба адолату инсоф даъват мекунанд. Аксарияти онҳо давраҳои бачагӣ, ҳавлии падару модари худро ба хотир оварда, илтиҷову зорӣ мекунанд, ки аз чанголи бахти шум ва зиндагонии тоқатфарсо наҷоташон диҳанд.

Хонаи апам гиру магир афтодай,
Гусола ба дасти гови пир афтодай.
Эй гови пири лоғари данданканда,
Дар минаи мардумо шудум шарманда.

Никоҳи маҷбурӣ мавзӯъҳои дигарро низ ба миён овардааст, ки яке бадномист. Онҳое, ки ба расму оин ва қонуну қоидаҳои пӯсидаи замони феодалӣ итоат накарда, ба висоли ҳамдигар расидан мехостанд, дучори таҳқир ва бадномӣ мегарданд:

Аз кӯча гузар накун, ки мо дар домем,
Беҳуда сухан накун, ки мо бадномем.
Ҳар бор туро бинем, пушт гардонем,
Дар дил нагирӣ, ки сӯхтаву бирёнем.

Дар ин гурӯҳ рубоиҳо ба расму оинҳои кӯҳна эътироз баён кардани дилдодагон ҳамчун рафтори наҷибу ҷасурона тавсиф шудааст:

Аввал зи кашидани сари дор натарс,
Дуюм зи сари бурида, зинҳор, натарс!
Ман, ки зи сари бурида метарсидам,
Ба кӯчаи ошиқон намегардидам.

Ҳодисаи бисёрзанӣ низ бо никоҳи маҷбурӣ алоқаи зич дошт, ки он дар рубоӣ асосан аз номи занҳое, ки ба доми шавҳарҳои серзана афтодаанд, изҳор гардидааст. Дар як гурӯҳ рубоиҳо,

пешина
аз 295
навбатӣ