Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

агар дар хусуси азобу машаққати зани фиребхӯрда аз дасти шавҳар сухан равад, аз гурӯҳи дигар орзуи ноумедонаи зане дар бораи он, ки аз зиндагии якҷоя бо занҳои дигари шавҳараш канораҷӯй кардан мехоҳад, ба гӯш мерасад.

Ғарибӣ. Никоҳи маҷбурӣ дар зимни бенавоию бечорагии аҳли меҳнат дарбадарию ғарибиро пеш меовард.

Ин мавзӯъ гурӯҳи дигари рубоиҳоро ба майдон овардааст, ки дар назми халқии мардуми тоҷик мавқеи махсус доранд ва бо номи «ғарибӣ» машҳуранд. Эҳтиёҷмандӣ ва камбағалии доимӣ, бераҳмона ғорат шудани камбағалон аз тарафи ҳокимони замон, ҷангҳои хонумонсӯз ва харобиовари феодалӣ меҳнаткашонро маҷбур мекард, ки тарки ватан карда, дар ғурбат, дар ҷустуҷӯи музди ночизе умр ба сар баранд.

Аз замонҳои хеле қадим сар карда, то худи Революцияи Кабири Социалистии Октябрь қисми калони мардуми тоҷик дар асорату ғарибӣ рӯз мегузаронид. Чунон ки В. В. Бартольд1, Б. Ғ. Ғафуров2 ва дигар муаррихон қайд кардаанд, харобшавии хоҷагиҳои деҳқонон ва ғарибию оворагардии аҳли меҳнат дар ҳамаи давраҳои таърихии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, халқи тоҷик фоҷиаи доимӣ буд, ки дар рубоии зерин ба ин ишорае рафтааст:

Ситорара бин, ки дар ҳаво рангинай,
Еракма бубин-дилуш аҷаб ғамгинай.
Ғамгин мабош, кори замона инай,
Ин зиндаҷудой ба сари чандинай.

Рубоиҳои ғарибӣ аз рӯи мундариҷаи худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Рубоиҳое, ки эҳсосоту вазъияти худи ғариббафтодагонро инъикос мекунанд.

  2. Рубоиҳое, ки ҳиссиёту ҳаяҷони хешу табор ва дӯстони онҳоро ифода менамоянд.

Рубоиҳои гурӯҳи якум дар навбати худ як қатор воқеаву ҳодисаҳои муайяни марбути ҳаёт ва вазъияти рӯҳии ғариббафтодагонро аз қабили сабаби аз зодгоҳи худ рафтан, манзараи хайру хуш, душвории роҳ, азобу уқубат ва ниҳоят вафот дар ҷойҳои бегона, ёди ватан, ёди хешу табор ва дӯстонро дар шакли бадеӣ инъикос мекунанд. Зодгоҳи ғариббафтодагон дар рубоӣ «мулки падар» ё худ «ватан» ном гирифтааст. Дар рубоиҳо ҷудо шудан аз ватан, аз мулки падар чун лаҳзаи талху ноҳинҷортарини зиндагӣ тасвир ёфтааст. Дар онҳо дар хусуси дидаҳои гирён, бадбахтӣ ва сӯзу алами ғарибон сухан меравад:

Мо қавгонем, оҷан мо дар камарай,
Мо меравем, оҷан мо бехаварай.
Очама бигӯ, куртаи ғам пора куна,
Шав тай сар муна, рӯз нола куна.

1 В. В. Бартольд. Соч. Т. 1, М., стр. 247; 2 Б. Ғ. Ғафуров. История таджикского народа, М., 1952, стр. 275.

пешина
аз 295
навбатӣ