Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар замони гузашта барои аз як маҳал ба маҳалли дигар, хусусан аз вилоятҳои кӯҳӣ ба шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Кӯканд, Фарғона, Тошканд ва баръакс ба зодгоҳи худ сафар кардани мардум, душвориҳои зиёд пеш меомад ва баъзан марг таҳдид мекард. «Халқи меҳнатӣ — менависанд М. Турсунзода ва А. Н. Болдырев,— чандин моҳҳо, солҳо дар шаҳрҳои мусофирӣ кор карда, бо музди хеле кам пайдо кардаи худ асбобу анҷоми даркории зиндагониро харид карда, пои пиёда ду-се пуд борро ба дӯши худ бардошта, аз ағбаҳои баланд, дараҳои чуқур бо пайраҳаҳои борик гузашта, аз пулҳои Ларзонақи качи муаллақ гузашта, ба ватани худ меомаданд»1.
Рубоиҳо оид ба вазъияти ғарибон дар мусофират ва кишвари бегона, дар бораи сафарҳои душвору хавфноки онҳо фактҳои пуркимат дар бар кардаанд, ки рубоиҳои зерин ба ин даъво мисоли равшан шуда метавонанд:
Ман мераваму немерава ҳамраҳи ман,
Торик шудаст, чулу биёбон раҳи ман.
Шерони хаво наъра занан дар сари ман,
Ман наъра занум, кучу шудай ҳамраҳи ман.
Дар роҳ будум, ки марг омад ай пасум,
Э марг, бимон, ки ма ба хонам бирасум!
Ма ба хонам бирасум, ҷамъ шаван дӯстонум,
То дида ба дӯст афтад, барояд нафасум.
Қисми асосии рубоиҳои ғарибӣ дар бораи ҳаёти ғарибон дар кишвари бегона ва фикру зикри онҳо нақл мекунанд. Б. Ғ. Ғафуров дар асари худ «Таърихи халқи тоҷик» барои равшантар шудани аҳволи вазнину зиндагонии сахти мусофирони тоҷик дар мулкҳои бегона аз рубоиҳои халқӣ мисолҳо меовард. «То замонии мо,— мегӯяд ӯ,— рубоиҳои ғарибӣ омада расидаанд, ки дар онҳо дар бораи қисмати вазнини тоҷики ғариб сухан меравад, ки дар ҷои дур аз ватани маҳбубаш вафот мекунад»2.
Рубоиҳо аз оворагардиҳои ғарибон дар дашту биёбонҳои бегиёҳ ва кӯҳҳои сарбаланд, аз хусуси хоби онҳо дар панаҷи деворҳо, мӯҳтоҷию азобу машаққати мусофирон, танҳою бекасӣ ва беқувватию ранҷуринии онҳо хабар медиҳанд. Дар аксари рубоиҳо дар хусуси умеду орзуи барбодрафтаи ғарибон ва вафоти онҳо дар кишвари бегона сухан меравад. Одамони ҷавону солим ба азобу уқубати ҷудоӣ аз ватан ва хешу табори худ тоқат карда натавониста, дар кишварҳои дуру бегона нобуд шуда мерафтанд:
Ҳар гаҳ бимирам, хок кунед зуду ба зуд,
Хоктудаи ман нақш кашед нилу кабуд.
Корвон гузарад, бипурсад: «Ин хоки кӣ буд?»,
«Ин хоки ғариби навҷувон», — гӯед зуд.
1 Фольклори тоҷик, Сталинобод, 1957, саҳ. 178.
2 В. Г. Ғафуров. История таджикского народа, стр. 419.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё