Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Барои шахси ғарибафтодаю мусофир ватан аз тахти шоҳона ва боғҳои биҳишт беҳтар аст:

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори ватан аз лолаю райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Сад кош гадо буд ба Канъон хуштар.

Бо ҳаяҷону истироб фикр кардан дар бораи тақдири хешованде, ки ба ҷойҳои дуру номаълум рафтанист, тарсу ҳарос аз душвориҳое, ки дар роҳи ӯ вуҷуд дорад ва пешакӣ ҳис намудани ҷудоии абадӣ ба он «Гурӯҳ рубоиҳое, ки аз забони падару модар, зану фарзандон ва додару хоҳарон суруда шудаанд, обу ранги тоза ва ҳаяҷонангез бахшидаанд. Ин навъ рубоиҳо дарду алами аҳли оила, фикру зикр ва ҳиссиёти одамонеро ошкор месозанд, ки бо умеди пуразрб ба бозгашта омадани наздиктарин хешони ба ғарибӣ афтодаи худ чашмдор мебошанд. Зани шахси ғариб аз хона баромада, ба рӯи санг менишинад ва ба парвози кабк назар карда, дар бораи бекасӣ ва танҳоии худ фикр мекунад. Хоҳар камбагалию азобу машаққати бародарашро дар ғарибӣ тасаввур карда, аз сабаби он ки ба вай ёрӣ дода наметавонад, дарун-дарун месӯзад.

Оид ба яке аз қадимтарин мавзӯъҳои лирикаи халқҳои тамоми ҷаҳон — марг низ рубоиҳои бисёре гуфта шудааст. Қисмати асосии онҳоро марсияҳои махсусе ташкил мекунанд, ки аз забони модар, зан, хоҳар ё худ арӯс дар ҳаққи шахси фавтида эҷод гардидаанд. Дар рубоӣ ҳамаи ҷиҳатҳои ин фоҷиа аз беморӣ сар карда, то дами марг ва рӯзҳои азодорӣ инъикос меёбад.

Дар рӯи мазор дарахти танабаста,
Ях акаи ормоним манахбаста.
Либосои як акама дар ток мондем,
Ях акаи нозанинма дар хок мондем.

Иру токаӣ, уру ниҳоли токаӣ,
Рухсораи сурхи баҷаҷон дар хокай.
Хокай, хокай, очаюш ғамнокай,
И очаи носудаш гиревонҷокай.

Ба вазнинтарин шароитҳои ҳаёт — маҳрумӣ ва бадбахтиҳо нигоҳ накарда инсони меҳнатӣ меҳру муҳаббати бепоёни худро ба ҳаёт, ба зиндагӣ нигоҳ дошта тавонистааст ва маргро даҳшатноктарин воқеаи ҳаёт ҳисоб кардааст. Офарандагони рубоӣ ба тарғибу ташвиқи рӯҳониён ва таълимоти динӣ дар хусуси кайфу сафои ондунёӣ фирефта нашудаанд ва дар ин хусус сухан нарондаанд. Танҳо дар баъзе рубоиҳо ақидаҳои динию хуруфотӣ дар хусуси абадӣ будани рӯҳ инъикос ёфтааст.

Вобаста ба ин қайд кардан лозим аст, ки дар рубоӣ ҳамчун дар дигар сурудҳои ғайримаросимии тоҷикон умуман ақидаҳои қадимии динӣ дар хусуси қувваҳои фавқулоддаи ғайритабиӣ, дар хусуси қудрату тавоноии дарахтон, моҳ, борон, дар

182

пешина
аз 295
навбатӣ