Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
хусуси сеҳру ҷоду, яъне ақидаҳое, ки бо анимизм, тотемизм ва магизм алоқа доранд, дида намешаванд. Онҳо танҳо ҳамчун заминаи образҳои бадеӣ ва воситаҳои тасвир хизмат кардаанд. Ин факт бори дигар исбот мекунад, ки мазмуну мундариҷаи ру- бой ба ҳаёти воқеии халқ хеле наздик буда, ҷаҳони маънавии инсон бевосита дар зери таъсири воқеаҳои аниқу муайяни ҳаёт ташаккул меёбад.
Дилбохтагони бадбахту бетолеъ ва занҳои зӯран ба шавҳари номуносиб додашуда бар зидди зулму асорат овози эътиро- зи худро баланд мекунанд, камбағалони бенавою ғариб ва ёру дӯстони наздики онҳо аз бадбахтии худ меноланд. Онҳое, ки аз вафоти одамони наздики худ ғам мехӯранд, ба тақдири худ лаънат мехонанд. Дар чунин мавридҳо, одатан гӯяндагони ру- бой ба фалак муроҷиат мекунанд ва онро гунаҳкори асосии ҳамаи ғаму андӯҳи худ мепиндоранд.
Умуман, дар фолклори халқҳои эроннажод образи фалак мавқеи муайян дорад, ки ба ин адабиёти китобӣ яқинан таъ- сире гузоштааст. Умари Хайём ба фалак муроҷиат карда, аз беадолатии айём ва умуман аз сохти иҷтимоии замони худ ши- коят кардааст. Дар рубоиҳои Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ низ айни ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад.
Дар рубоиҳои тоҷикӣ фалак ҳамчун гунаҳкори асосии ҳамаи бадбахтиҳои инсон тасвир мешавад. Камбағали бечораю му- софир, ки ҳатто дар куҷо вафот карданашро ҳам намедонист, аз дасти фалаки каҷрафтор ба дод омадааст. Писар фалакро барои он сарзаниш мекунад, ки маҳз фалак ӯро аз модари ази- заш ҷудо кардааст. Хоҳар барои он аз дасти фалак менолад, ки вай бародари ӯро рабудааст:
Ситораи равшанма куҷо кардӣ, фалак?!
Субҳа ай миёни шав ҷудо кардӣ, фалак!
Моро ба фалак то қиёмат гила,
Ай акай ширинум ҷудо кардӣ, фалак!
Шахси ғарибафтода ба фалак бо суханҳои тунду тез муро- циат карда, ӯро золиму бераҳм меномад.
Бо вуҷуди ин эҷодкунандагон як гурӯҳ рубоиҳои халқӣ са- баби бенавоиҳои худро дар рӯи замин ҳам ҷустаанд. Марду- мони адолатхоҳ сохти харобновари ҷамъияти замонашонро гу- наҳкори асосии бадбахтиҳои аҳли меҳнат ҳисоб мекунанд. Баро- бри ҳамин дар аксари рубоиҳо на танҳо дар бораи бераҳму бе- шафқат будани замона суханҳои пурэътирозро мушоҳида меку- нем, балки ба муқобили шахсони золиму ситамгар низ садои ба- ланди эътирозу нафратро мешунавем. Рубоиҳо воқеаву ҳодиса- хои муайяни ҳаёт, зиддиятҳои оштинопазири ҷамъияти феодалӣ ва эътирози сахти оммаи мазлуму ситамдидаро ифода менамоянд. Дар ин кабил рубоиҳо намояндагони табақаҳои болои ҷамъия- тӣ, гурӯҳҳои ҳукмрон номбар мешаванд. Агар дар як рубоӣ дар хусуси оқсоқколони бадмуомилау сахтгап сухан равад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё