Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
дар рубоии дигар намояндагони дин дар шахси муллоҳои ҷоҳил мавриди хашму ғазаб қарор мегиранд:
Борони баҳор, пештар биё, ҷавлон кун!
Селовча биё, қишлоқака вайрон кун!
И хонаи муллора бикан, гелон бар,
Вайронуш кун, раҳакаша ай поён кун!
Дар баъзе рубоиҳо даъвати рӯйрост ба муборизаи фаъолона, ба муборизаи қатъию хунин дида мешавад:
Аз хона баромадум бозӣ-бозӣ,
Баста бурдан маро сагони козӣ.
Тирдон бошаю кӯшакамоне созӣ,
Бар синаи золимон тир андозӣ.
Ин қабил рубоиҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки худи шароитҳои ҷамъиятии меҳнаткашони мазлуми тоҷикро ба муборизаи қатъию беамон ба муқобили зулму тааддӣ тайёр карда буд. Ин рубоиҳо рӯҳи исёнгаронаи халқро дар замони ҳукмронии муносибатҳои феодалӣ инъикос мекунанд.
САНЪАТҲОИ БАДЕИИ РУБОИҲО
Рамзҳои бадеӣ. Мероси адабии замонҳои қадим ва ибтидои асрҳои миёна, аз ҷумла, осори Рӯдакӣ ва муосиронаш аз он шаҳодат медиҳанд, ки бисёр образҳои рамзии адабӣ аз қадим вуҷуд доштаанд. Шамъ ва парвона, моҳу офтоб, гулу булбул, тиру камон ва монанди инҳо дар адабиёти китобӣ асрҳо ин тараф истифода шуда омадаанд. Ҳаёти инсон аз замонҳои қадим бо тамоми ҷузъиёти зуҳуроти ҷамъиятию шахсиаш ва табиати атроф сарчашмаи шеър шуда хизмат кардааст. Баробари инкишофи муносибатҳои иқтисодию ҷамъиятӣ алоқаи байни ҳаёти хоҷагию маишии халқ вусъат ёфта, вобаста ба ин образҳои бадеӣ низ мураккабтар ва рангинтар гардида, вазифаи ғоявию эстетикии рамзиёти шеърӣ пурзӯртар шуда омадааст, ки ин ҳодисаро мо дар рубоиҳои халқӣ ба таври васеъ мушоҳида мекунем.
Дар рубоиҳо баҳор, гули садбарг, ҷӯйҳои сероб ва сабзидани алаф, нури ситораҳо, баромадани офтобу моҳ рамзи ишқу муҳаббат ва ширинии лаҳзаи мулоқот қарор гирифтаанд. Садбарги шукуфон, меваи пухта, сабзаи тоза, оби зулол рамзи тару тозагӣ, зебоӣ ва саломатист. Лонагузории паррандаҳо, аз қабили кабӯтару кабк, ситораҳои ҷуфт, ба ҳам печидани дарахтон ё худ навдаҳои онҳо, дарвозаҳои кӯшк, нишасти булбул ба шохи гул, тору пуд дар матоъ — ҳамаи инҳо образҳои рамзие мебошанд, ки орзуи ташкили оила ва хушбахтии аҳли онро ифода мекунанд.
Саёҳати боғ, дашт ё водӣ, гаштугузори соҳили дарё, тамошон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё