Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

чашмасор, сайри гулу лола орзуи мулоқот ва бо дилдодаи худ якҷоя шуданро дар замир дорад:

Сар то сари ёлаҳо гузар мекардум,
Чинда гули торуна бағал мекардум.
Ҳар ҷо, ки шиштум, даҳанма тар мекардум,
Ай ёраки майдаҳақ ҳазар мекардум.

Вақте ки ниҳол реша давонда, дарахт месабзад, аз муҳаббати дутарафа ва боварӣ ба хушбахт шудани оила дарак медиҳад. Дар бисёр рубоиҳо, вақте ки сухан аз ошиқи бетоқат ва ташнаи мулоқот меравад, себ зикр меёбад. Додани себ рамзи изҳори муҳаббат ва садоқат ва гирифтани себ рамзи қабул кардани муҳаббат аст. Себи пӯсида ё хушкшуда аломати ишқи бебарор буда, себи турш рамзи ошиқ ё маъшуқаи бевафо мебошад:

Чӣ шаб? Маҳтоб дорад ё надорад?
Ду чашмат хоб дорад ё надорад?
Ҳамон себе, ки дорӣ, ёр, дар даст,
Надонам, об дорад ё надорад?

Ин ҳама машҳуртарин образҳои рамзие мебошанд, ки шодию сурур, умеду орзу, роҳату хушбахтиро ифода мекунанд. Дар рубоиҳо мавқеи нисбатан бештареро образҳои рамзии бадбахтӣ, ғаму ғусса ва ноумедию маъюсӣ ишғол мекунанд. Масалан, ба охир расидани баҳор, пажмурдашавии гулҳо, ниҳол ё шоҳчаи шикаста, дарахти решакан, торикӣ, хушкӣ, занг образҳои рамзии ифодакунандаи маъюсӣ ва ноумедии ошиқон, ҷудоӣ аз ватан ба шумор мераванд. Азоби ишқу фироқ ба воситаи образҳои рамзии аз ҷуфти худ ҷудо шудани кабк ё кабӯтар, аз гул дур афтодани булбул, шоҳчаи аз дарахт буридашуда, моҳии аз об берунафтода, тирамоҳ ва рехтани барги дарахт, хушк шудани ҷӯю дарё, дарахти беҳосил, дарёи васеъ, кӯҳи баланд, деворон, қабристон, мор, шохи баланди ҷанор тасвир мешаванд:

Дайро чола, миёни дайро чола,
Дайро овард чанори панҷоҳсола,
Бишкаста шохи чанор, афгорум кард,
Ишқи бачаи мардум ба ин ҳолам кард.

Дар рубоии мазкур дарё рамзи ҷудоист, чола фоҷиаеро ифода менамояд, решакан шудани чанори кӯҳансол-панҷоҳсола ба рӯй додани бадбахтии азиме далолат мекунад, шикастани шохи он ба миён омадани харобиеро мефаҳмонад. Қаҳрамони лирикӣ як қатор рамзҳоро ба ҳам зам карда, шиддати азоби худро баён намудааст.

Дар хусуси ишқи пурфоҷиаи Лайлию Маҷнун, Тоҳиру Зуҳро, Юсуф ва Зулайҳо дар давоми асрҳои зиёд афсонаву достонҳои бешуморе ба вуҷуд омадаанд, ки бо таъсири онҳо номҳои мазкур рамзи ишқи бебарору фоҷиадор қарор гирифтааст.

Ғаму андӯҳ, азоби рӯҳӣ, ҷудоӣ ва изтиробу ҳаяҷон дар рубой

пешина
аз 295
навбатӣ