Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ба воситаи образҳои рамзии оташу дуд, боди сахт, борону жола, торикии мудҳиш ва хунукии сахт ва монандӣ инҳо низ ифода мегардад. Аксарияти ин рамзҳо дар шаклҳои гуногун гаштаву баргашта такрор мешаванд.
Қанда шудани ситора, фурӯ рафтани офтоб, торикӣ, абри сиёҳ, ҳавои бад, дарахти солхӯрда рамзи маргу аҷал аст. Занг задан, мағор бастан, пӯсидан, пажмурда шудан, хазон гаржидан рамзи бадбахтӣ ва ноомадии кор мебошад. Хор одатан вазъияти шахсеро, ки дар ҳолати вазнину ногуворе афтода, аз он азоб мекашад, ифода мекунад: «Сарчашмаю гулзор ҳама хор гирифт. Умад хабаре, ки бевафо ёр гирифт».
Дар рубоиҳои халқӣ як гурӯҳ образҳои рамзии анъанавӣ дучор мешаванд, ки ҳам дар адабиёти хаттӣ ва ҳам дар фолклор баробар истеъмол мегарданд. Серистеъмолтарини онҳо гулу булбул ва шамъу парвонаанд. Садбарги тару тоза маъмултарин образи маъшуқа мебошад. Чанд образи рамзии дигар низ аз қабили ёсуман, настаран, райҳон, наргис, гулдаста ба ин сифат истифода мешаванд.
Булбул дар рубоиёти халқӣ рамзи ошиқе мебошад, ки мақсад, эҳсосот ва тамоми ҳастии ӯ ба орзуи дидори маҳбубааш — гули садбарг равона шудааст. Вай бо умеди мулоқот бо гул зинда буда, танҳо дар бораи гул, дар васфи гул, дар хусуси ишқи беқарори худ месарояд. Дар назми халқӣ булбул инчунин образи шахси ғарибест, ки аз зодгоҳи азизи худ, аз чамани шукуфони худ дур афтода, азобу машаққат мекашад:
Мо булбули мастем, чаман нест моро,
Мо марди мусофирем, ватан нест моро.
Ин умри дароз, ки беватан мегузарад,
Кардем сафари дур, омадан нест моро.
Асосҳои образҳои рамзӣ. Сарв, ки ба туфайли хушқаду зебо буданаш рамзи духтари соҳибҷамоле шудааст, ба рубоиёти хал- қии тоҷик аз адабиёти китобӣ гузаштааст. Азбаски сарв дар То- ҷикистон хеле кам дучор мешавад, онро дар назми халқ образ- ҳои оддии ба тасаввури халқ наздик, аз ҷумла, беди баланд иваз кардааст.
«Беди баланд» дар мисраъҳои зерин маъшуқаи қадбаланди мавзунқоматро ифода кардааст. Ба зебоии худ таманно дошта- ни «беди баланд» аз суханоне, ки ӯ бо нозу ғурур ба ошиқи мубталои худ баён мекунад, равшан ба назар мерасад:
— Эй беди баланд, саргаҳат шерози,
Ошиқ набудам, чӣ гуна санг мендозӣ?
— Ошиқ набудӣ зӣ ошиқонут кардум,
Ту лола будӣ, ма заъфаронут кардум!
«Беди баланд» ин шахсест, ки бо қаду қомати мавзуну зебо ва сурати дилкаши худ ба чашм намоён шудааст ва бинобар ин мавриди диққати махсуси атрофиён қарор гирифтааст. Модари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё