Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

бечорае бо оҳу ҳасрат баён мекунад, ки фарзанди нозанин — беди баланди ӯро бурдаанд:

И беди баланди пайдавонма бурдан,
Фарзанди ширини меҳрубонма бурдан.
Дӯстои ширин, маро эродум нагирен,
Ай банди дилум кашида ҷонма бурдан.

Дар рубоии зерин, ки эҷодаш ба замони мо тааллуқ дорад, духтари зебое мавриди диққат қарор гирифтааст ва ба ин муносибат ба беди «сар дар фалак» ишора шудааст:

Беди и совхоз сар дар фалакай,
Дар даруни совхоз як духтаракай.
Гуфтум, биравум ба духтарак дил бандум,
Осақолон и қишлоқ ҳамаш занакай.

Рубоии поёнӣ низ ба он далолат мекунад, ки «беди баланд» шахси хушкомати зебосурат аст:

Эй беди баланд, дар лаби даршёл,
Шиштам ба умед, ки рафтай, боз ой.
Гар меой, бахти ману давлати ту,
Зоеъ нашава ранҷи ману меҳнати ту.

Тафаккури бадеии халқ ҳодисаҳои аниқу муайянро меписандад. Ҳамаи он чизҳое, ки ба вай бегона буда, дар доираи фаҳмишу тасаввуроти муқаррарии он намегунҷад, дар эҷодиёти вай мавқеи муайянеро ишғол карда наметавонад. Ҳатто баъзан ягон чизи ба сарв монанд бо ягон сабаб ба сурудҳои халқӣ дохил шуда монад ҳам, дер намепояд ва ба зудӣ бо образҳои ба доираи фаҳмишу дониши халқ наздик иваз мешавад ва аз истеъмол меафтад.

Образи булбул, ки аз қадимтарин ва серистеъмолтарин образҳои лирикии тоҷикӣ ба шумор мерафт, дар сурудҳои халқӣ ҷои худро ба образҳои нисбатан оддӣ ва ба дараҷаи фаҳмишу дониши одамони оддии қишлоқҷойҳо мувофиқ, ба монанди: кабк, кабӯтар, оҳу, мурғобӣ, гунҷишк вогузоштааст. Ин образҳо ба шунавандагон таъсири амиқу эмоционалӣ мебахшанд. Нооромӣ ва беқарории гунҷишк дар рубоиҳо ҳаяҷону изтироб, ҷудойӣ ва ғаму андӯҳро мефаҳмонад:

Гунҷишкаки беқарор кардай ту мара,
Шунандаи ҳар ниҳол кардай ту мара.
Шармандаю таънасор асло набудам,
Шармандаю таънасор кардай ту мара.

Ин образ алалхусус ҳолати шахси ғарибро дар мамлакати бегона акс мекунад: ӯ чун гунҷишкест, ки аз лонаи худ ронда шудааст. Зоғ образи шавҳари номуносиб аст, ки ба шахси дигар бадбахтӣ меоварад. Бинобар ин зоғ дар рубоиҳои оид ба никоҳи маҷбурӣ зиёд ба назар мерасад:

пешина
аз 295
навбатӣ