Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин хонаро бечорагӣ мебинам ма,
Маъшуқаро бедимоғ мебинам ма.
Кафтарбача ба хуни дил парвардум,
Охир ба ҷанги зоғ мебинум ма.

Зоғи сиёҳ рамзи зулму тааддӣ ва зӯроварист: «Ай чуни чавуни худ безор шудам. Дар дастаки зоғи сиёҳ хор шудум».

Ҳамаи ин бо шароит ва муҳити зиндагии эҷодкунандагони рубоиҳо алоқаи зич доштани рамзҳои бадеиро собит мекунад. Аз ин нуқтаи назар рубоии зерин хеле ҷолиби диққат аст:

Офтоб будааст, сояш бимонд минаи дашт,
Ин акаи ман пули Қалъаи Хумба гувашт,
Ҳарҷанде давидему давидем, ки нагашт,
Доғе ба дилум бимунду ағбара гузашт.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар ин рубоӣ ҷой ва вақти ба амал омадани воқеа хеле аниқ тасвир ёфтааст: бегоҳӣ, вақте ки офтоб менишинад ва кӯҳҳо сояи худро ба рӯи замин паҳн мекунанд, шахсе хоҳари худро танҳо монда, аз кӯпрук мегузарад ва дар паси ағба ғоиб мешавад. Дар назари аввал чунин менамояд. Вале бояд гуфт, ки як қисми унсурҳои манзара ин ҷо аҳамияти рамзӣ низ доранд. Хоҳар «офтоб» гуфта бародарашро дар назар дорад ва худашро «соя» номидааст ва ағба рамзи ҷудоист: офтоб-бародар рафт, соя-хоҳар дар миёни дашт ҳайрону сарсон монд. Мисоли дигар:

Боло меравӣ, боло шамоло дора,
Гул мешукуфа, лола тамошо дора.
Савдогара бин молаша савдо дора,
Пурғам месӯза, беғам чӣ парво дора.

Дар байти аввали ин рубоӣ гӯё манзараи оддии табиати кӯҳсор тасвир шудааст. Дар кӯҳсор гулу лола мешукуфад, насими фораму ҳаловатбахше вазида, бӯи хушро ба машом меорад. Дар байти дуюм мебоист инкишофи минбаъдаи ҳамин мавзӯъ ба назар мерасид. Вале ба ҷои ин дар хусуси савдогар, фурӯхта шудани кадом як мол ва бадбахтию ноумедӣ сухан меравад. Мантиқи ин ҳодиса дар чист? Гап дар он аст, ки ин ҷо тасвири манзараи табиат, пейзаж қисман характери рамзӣ дошта, барои акс намудани инсон хизмат кардааст. Ошиқи бечораю номурод мегӯяд, ки маҳбубаи мисли гулу лола зебо ва мисли шамол роҳатбахши ӯро хешовандонаш мефурӯшанд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки тамоми умр дар кураи ишқи бебарори худ сӯзад.

Ҳамин тариқ, образҳои рамзӣ дар шуури шунаванда эҳсоси манзараҳои аҷиби табиат, гармию сардӣ, рангу бӯй, лаззат ва монанди инҳоро ба вуҷуд меоранд. Яке аз сабабҳои зебоӣ ва дилангезии рубоӣ, таъсири амиқу пуризӯри вай ба шунаванда дар ҳамин аст.

Ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз ҷиҳати вазифа барои образнок ифода намудани мазмун истиора дар назми халқӣ аҳамияти

пешина
аз 295
навбатӣ