Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
махсус дорад ва дар офаридани образҳои рамзӣ роли калон мебозад. Гули хушбӯй, себи сурх, ниҳоли хушқад, кабки маст, мурғобӣ, кабӯтар, моҳ, офтоб, ситораҳо барин истиораҳо хеле зиёд истеъмол мешаванд. Як қисми онҳо ба андозаи оддию муқаррарӣ менамоянд, ки истиора будани онҳоро кас пай намебарад. Чунончӣ, дар рубоии зерин садбарги сафед гӯё синоними «духтари зебо — ҷонона» мебошад:
Ман омадам ба дидани ҷонона,
Садбарги сафеди ман, баро аз хона!
Садбарги сафеди ман, баро, рухсат гир!
Боз омадани маро худо медона.
Дар рубоӣ чунин навъи истиораҳо бештар кор фармуда мешаванд, ки худи предмет номбар нашуда, танҳо ягон ҷиҳати характерноки вай номбар мешавад. Ин қабил истиораҳо асосан барои тасвири портрет (масалан: навданиҳол, куртасурхак, рӯмолшоҳизард) ё худ тасвири хислати шахс (қаҷакриш, ширинзабон) истифода мешаванд. Дар офаридани истиора тарзи махсуси калимасозиро мушоҳида мекунем, ки танҳо ба назми халқ хос буда, дар забони гуфтугӯии мардум кам дучор мешавад: куртасурхак, ҳазоразабон, куртақаламӣ, тоқасувор ва ғайра.
Дар рубоӣ истиораҳои пӯшида ба назар расанд ҳам (лаъба вуҷуд меояд. Тавсифҳо барои офаридани портрет ва тасвир чор мешаванд. Дар адабиёти китобӣ ба воситаи истиораҳои пӯшида мафҳумҳои хеле мураккаб ба вуҷуд меоянд. Услуби содда, ки махсуси эҷодиёти даҳоникии халқ аст, ба васӯз роҳ ёфтани ин гурӯҳи истиораҳо дар рубоӣ халал расонидааст. Ба рубоиҳо ҳамаи навъҳои ташбеҳҳои пӯшида хос аст. Дар онҳо инчунин як гурӯҳ ташбеҳҳое мушоҳида мешаванд, ки дар калимаҳои мураккаб, ба монанди «гулрӯ», «абрӯкамон», «ғунчадаҳон» асос ёфтаанд. Вале ин навъи ташбеҳҳо, ки ташбеҳшаванда бо ташбеҳкунанда якҷоя меояд, ба сабаби мураккабии худ дар рубоиёти халқӣ нисбатан камтар истеъмол мегарданд. Онҳо аксаран дар чунин асарҳо ҷорӣ мешаванд, ки муаллифонашон одамони босавод буда, бо адабиёти китобӣ робитае доранд.
Забони халқ аз идиома, киноя ва ибораҳои маҷозӣ бой аст. Табиист, ки офарандагони рубоӣ аз онҳо ба таври фаровон истифода мекунанд. Мавқеи онҳо дар пуркувват шудани образнокию таъсирбахшии шеър бузург аст. Онҳо мундариҷаи ғоявии рубоиро ғанитар мегардонанд ва рубоиро шавқовару зебо ва дилангез месозанд. Масалан, ибораи «дилро хонаи занбӯр кардаи...»-ро гирем, ки якчанд тобишҳои маъноӣ дорад. Пеш аз ҳама, шунаванда лонаеро тасаввур мекунад, ки дар он занбӯрҳои асал ниҳоят сертараддуду беором парвоз доранд. Ин образ маҷмӯи афкори муайянеро тавлид мекунад, ки ба эҳсосоту ҳаяҷон ва дарди ҷонгудози шахс алоқаманд аст;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё