Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

Сафар кардӣ, сафари дур кардӣ,
Худат рафтӣ, маро ранҷур кардӣ.
Ту худ рафтӣ барои моли дунё,
Диламро хонаи занбур кардӣ.

Дар рубоиҳое, ки тамасхур ва инкору эътироз ифода гардидааст, киноя ҳамчун асоситарин воситаҳои тасвири бадии истифода мешавад. Дар рубоии зерин кинояи пур аз эътирози дили шӯридае баланд садо додааст:

Мехестиву мешиштӣ, ки зан мегирум,
Як лоларухи абрукамон мегирум.
Як лоларухи абрукамонта дидум,
Хошокой гирди лави занта дидум!

Дар офаридани портрету тасвири манзараҳои гуногуни табиат ҳамчун воситаи пуркувват шудани образ, инчунин барои ба ин ё он ҷиҳатҳои портрету лавҳаҳои ҷудогонаи пейзаж ҷалб намудани диққати хонанда муболиға хизмат мекунад. Муболиға дар ин қабил рубоиҳо таъсири бадеии шеърро хеле афзун мегардонад. Мисраи чоруми рубоии зерин ба ин фикр мисоли барҷаста шуда метавонад:

Ту омадиву лаби ман хандон гардад,
Қанду асалу навот арзон гардад.
Ҳар боре поҳои ту бирасад ба замин,
Санго ҳама лаълу дурру марҷон гардад.

Дар баъзе рубоиҳо образи бадеӣ танҳо ба воситаи тавсиф ба вуҷуд меояд. Тавсифҳо барои офаридани портрет ва тасвири манзараҳои табиат, инчунин барои тасвири ҳолати рӯҳии инсон ба таври васеъ истифода мешаванд.

Бе иштироки тавсиф ба вуҷуд овардани силсилаи образҳои рамзӣ умуман мумкин нест. Масалан, дарё, кӯҳ, бед, дашт албатта бо тавсифҳои калон, баланд, васеъ, беоб зикр мешавад. Санг бо тавсифи сиёҳ рамзи ғаму андӯҳ аст, боми хонае, ки дар ҷои номувофиқ ва пастхамӣ воқеъ шудааст, рамзи бадбахтист. Беди баланд ҳусни расоро ифода мекунад. Бороне, ки ба замин муждаи ҳаёт оварда, боиси серҳосилӣ мегардад, чун рамзи хушнудию шодӣ фаҳмида мешавад, вале борони резаю беохир ва дилбазан рамзи оби дида, ҷудоӣ ва азобу машаққатҳои рӯҳӣ қарор гирифтааст. Боди сахту хунук ва тунду тез одатан ҳамчун рамзи изтироби сахт истифода мегардад.

Дар рубоиҳое, ки азоби рӯҳиро ифода мекунанд, тавсифҳои парешонхотир, ларзон, сӯзон дучор мешаванд:

Дар лаваки об як беди ларзун моем,
Як очаву як духтари ҳайрун моем.
Ақлмона худо гирифт, хушмона банда,
Дар минай душмано шудем шарманда.

Нодорию бадбахтӣ дар забони халқ одатан ба воситаи сифатҳои сахт, шӯр, талх ифода меёбад. Ба тавассути ин қабил

пешина
аз 295
навбатӣ