Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
тавсифҳо дар рубоиҳои халқӣ як силсила образҳои бадеӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти аҳли меҳнатро дар гузашта инъикос мекунанд. Як гурӯҳ тавсифҳо моҳияти воқеаҳоро кушода медиҳанд ва барои боз ҳам равшантар ифода намудан ва муайян кардани асоситарин ҷиҳати ин ё он воқеа хизмат мекунанд. Чунончи, «қаҷ» ва «маст» барин тавсифҳо барои ифодаи хислатҳои ҷавонӣ хизмате доранд.
Духтаре ё ҷавонзане бо роҳи қаҷмақаҷ рафта, ошиқони худро ҳайрон мекунад. «Ин айна раҳи қаҷмақаҷ, ин айна раҳи рост, Савзи-назанак ҳаргиз нарава раҳи рост». Духтарон бо мақсади муайян рӯймоли сарашонро қаҷ мебанданд. Ҷавонписарон бошанд, тоқиро қаҷ мепӯшанд ва аз ҳамин сабаб ҳам номи «қаҷтоқӣ» гирифтаанд. Дар ҳамаи ин мавридҳо тавсифи «қаҷ» рамзи шавқу ғайрат, ифтихор ва таманност.
Тавсифи маст ба духтарону ҷавонписарон ва образҳои рамзии онҳо (бо монандӣ кабк, кабӯтар, булбул, қумрӣ) нисбат дода шуда, ҳиссиёти хушбахтӣ, озодӣ ва ғурури ҷавониро ифода менамояд:
Дар боғ будӣ, гулак надоштам сари даст,
Дар фикр будам, омад гузашт қумрии маст.
Эй қумрии маст, биё, бишӣ дар сари даст,
Насибаи як одамӣ, доғи ҷони кас.
Тавсифҳое, ки рангро ифода мекунанд, дар тасвири сару либос, рӯй, мӯй ва чашм хеле васеъ истеъмол мешаванд. Манзараи табиатро иштироки инсон зебову дилфиреб мекунад. Дар саҳроҳои сабзу хуррам ва боғҳои шукуфону серсоя, дар доманаи диловези кӯҳсор духтаракои куртасафед ё куртасурх ки рӯи сафеду беғубор, рухсори лолагун ва чашму абрӯвони сиёҳ доранд, гаштаанд. Рангҳои гуногун, ки барои тасвири портрет истифода мешаванд, таъсири зебоҳои манзараи табиатро пурзӯр менамоянд. Ҳамин тариқ духтараки куртаи сурхпӯш ба гули сурхи девлохҳо, куртаи сафеди духтарон ба баргҳои нуқрагуни сафедор ва духтараки сафедрӯ, ки холи сиёҳ низ дорад, ба кабки зебое дар зери қаторбедҳои лаби об монаннд аст.
Иру беду ӯру бед, мина садабед,
Ошик шидаюм ба духтари куртасафед.
И куртасафед, куртаякут баргаки бед.
Ма дил ба ту додум, сад кас ба умед.
Дар рубоӣ хусусан рангҳои сафед, сурх, сиёҳ ва зард бештар зикр меёбад ва ҳар кадоми ин рангҳо дорои аҳамияти рамзӣ низ мебошад. Ранги сурх рамзи саломатию бардамӣ аст. Агар маъшуқа ё ошиқ ба тавассути образҳои рамзии гул ё себ тасвир гардад, ин калимаҳо бо сифати сурх (гули сурх, себи сурх) зикр меёбанд. Ранги сафед — рамзи раҳмдилӣ, оромӣ ва бехатарӣ аст. Вай ҳам монанди ранги сурх ҷавонию саломатию бардамию тару тозагиро ифода карда, барои тасвири симои зоҳирии инсон, узвҳои алоҳидаи бадан ба монанди рӯй, даст,
191

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё